Салимзода: Тамоми кушторҳои пурсарусадо дер ё зуд ошкор мешаванд

Аваз Юлдошев

Амали террористиии 12 сол пеш содиршуда, ки дар натиҷаи он мушовири давлатии президенти Тоҷикистон Карим Юлдошев ба ҳалокат расид, то имрӯз аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди тафтиш қарор дорад. Дар нишасти хабарии имрӯза прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода изҳор кард, ки ҷинояткорон дер ё зуд дар назди суд ҷавоб хоҳанд гуфт. «Танҳо дар зарфи […]


Амали террористиии 12 сол пеш содиршуда, ки дар натиҷаи он мушовири давлатии президенти Тоҷикистон

Карим Юлдошев

ба ҳалокат расид, то имрӯз аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди тафтиш қарор дорад.

Дар нишасти хабарии имрӯза прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода изҳор кард, ки ҷинояткорон дер ё зуд дар назди суд ҷавоб хоҳанд гуфт. «Танҳо дар зарфи дуним соли ахир дар ҷумҳурӣ 110 ҳодисаи куштор ошкор гардид, ки тайи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ содир шуда буданд», – таъкид дошт ӯ.

Ба қавли прокурори генералӣ, аз рӯйи шумори содир гардидани ба истилоҳ «ҷиноятҳои пурсарусадо» миёни кишварҳои узви ИДМ Тоҷикистон дар мақоми охирин қарор дорад. «Дар ин маврид фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ муҳим аст ва ман боварӣ дорам, ки ҳама гуна ҷиноятҳоро мо ошкор месозем, вале барои ин вақт зарур аст», – зикр кард Салимзода.

Дар идома прокурори генералӣ иттилоъ дод, ки дар зарфи 6 моҳи соли равон оид ба далелҳои то ба худкушӣ оварда расонидан 26 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 12-тои он айни замон ҷиҳати баррасӣ ба судҳои зинаҳои гуногун фиристода шудаанд.

«Дар ин давра барои риоя накардани талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд» 336 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, барои монеъа гардидан ба фарзандон, бахусус духтарон ба таҳсил нисбати 78 нафар парвандаҳои ҷиноӣ боз шуданд», – таъкид кард Салимзода.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

Дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.