Вазорати фарҳанг санади танзими сафарҳои ҳунармандонро таҳлил дорад

Маҳпора Киромова

Лоиҳаи қарор дар бораи танзими сафарҳои ҳунармандонро, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ таҳия гардида буд, то ҳол мавриди таҳлил ва бозбинӣ қарор дорад. Дар ин бора зимни нишасти хабарии имрӯза вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ хабар дод. Ба гуфтаи вазир, баъди моҳи январ ба рӯзноманигорон хабар додани таҳияи санади мазкур ва имкони нимаи соли […]


Лоиҳаи қарор дар бораи танзими сафарҳои ҳунармандонро, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ таҳия гардида буд, то ҳол мавриди таҳлил ва бозбинӣ қарор дорад. Дар ин бора зимни нишасти хабарии имрӯза вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ хабар дод.

Ба гуфтаи вазир, баъди моҳи январ ба рӯзноманигорон хабар додани таҳияи санади мазкур ва имкони нимаи соли равон қабул гардидани он аз ҷониби ҳукумат, аксаран аз ин ташаббуси вазорат изҳори норозигӣ карданд.

«Иттилоъи мазкур вокуниши зиёд ба бор овард – ҳам бар зидди ону ҳам ба ҷонибдориаш андешаҳои бисёре изҳор гардиданд. Аз ин рӯ, бо назардошти ин андешаҳо, мо омӯзиш ва таҳлили ҷанбаҳои ҳуқуқии ин санадро идома дода, ҳамчунин бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати бозбинии лоиҳаи қарори мазкур ҳамкорӣ дорем», – гуфт М.Асрорӣ.

Ба қавли ӯ, пас аз таҳлилҳои зиёде таҳиягарон мутмаинанд, ки қабули чунин санад зарур аст, зеро дар аксари кишварҳои ҷаҳон сафарҳои ҳунармандон танзим мешаванд. «Ин барои натанҳо дар дигар кишварҳо фарҳанги тоҷиконро намояндагӣ кардани онҳо, балки барои таъмини амнияти сафари онҳо дар хориҷи кишвар зарур аст», – чунин мешуморад вазир.

Ёдрас мекунем, ки 21 январи соли равон вазири фарҳанги Тоҷикистон дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор намуда буд, ки лоиҳаи қарори ҳукумат дар бораи танзими ҳама гуна сафарҳои ҳунармандон

мавриди таҳия қарор дорад.

Аз ин хабар чанде аз ҳунармандони тоҷик изҳори тааҷҷуб намуда буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

Дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.