ҲНИТ: Пешвои «Ансоруллоҳ» аз наздикони Сайид Абуллоҳи Нурӣ набуд

Аваз Юлдошев

Маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи яке аз наздикони пешвои марҳуми ҲНИТ ва ИНОТ Сайид Абуддлоҳи Нурӣ будани роҳбари созмони ифротгарои «Ансоруллоҳ» дар Тоҷикистон, сокини деҳаи Самсолиқи ноҳияи Нуробод Амриддин Табаров, ки таҳти пайгарди байнулмилалӣ эълон шудааст, асоси воқеъӣ надорад. Дар ин бора зимни мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит изҳори […]


Маълумоти

мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

дар бораи яке аз наздикони пешвои марҳуми ҲНИТ ва ИНОТ Сайид Абуддлоҳи Нурӣ будани роҳбари созмони ифротгарои «Ансоруллоҳ» дар Тоҷикистон, сокини деҳаи Самсолиқи ноҳияи Нуробод Амриддин Табаров, ки таҳти пайгарди байнулмилалӣ эълон шудааст, асоси воқеъӣ надорад. Дар ин бора зимни мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит изҳори назар кард.

Ба гуфтаи ӯ, Табаров ҳанӯз соли 1994  аз сафи ҲНИТ ва Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи тоҷик (ИНОТ) хориҷ шуда буд. «Табаров ба нишони эътироз ба мавқеи ИНОТ таҳти сарварии Саийид Абуллоҳи Нурӣ бобати оғози гуфтушунид бо ҳукуматдорони расмии Душанбе оид ба расидан ба сулҳу созиш чунин тасмим гирифта буд», – мегӯяд М.Ҳайит.

«Дар сафҳои ИНОТ афроди ҷудогонае қотеъона мухолифи гуфтушунид бо Душанбеи расмӣ буданд ва онҳо ҳамон замон сафҳои моро тарк гуфта буданд», – зикр кард муовини раиси ҲНИТ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ҳомиди Самад ва Қосими Бегмуҳаммад то рӯзи ихтирои телефони мобилӣ

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.