Пешниҳоди собиқ генерали КДАМ оид ба «Сешанбеи сиёҳ» эълон кардани 24 июл

ASIA-Plus

Собиқ муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Оразшоҳ Пояндашоев пешниҳод мекунад, ки санаи 24-уми июл, солгарди оғози рӯйдодҳои Хоруғ «Сешанбеи сиёҳ» эълон карда шавад. Дар саҳифаи худ дар Facebook Пояндашоев менависад, ки «ба хотири ёдбуди тамоми шаҳидону қурбониёни ин амалиёти васеи низомӣ ва тамоми ҳодисоти нанговари Тоҷикистон (солҳои 1992-2013), хотима додан ба ҷанги бародаркушӣ, […]


Собиқ муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Оразшоҳ Пояндашоев пешниҳод мекунад, ки санаи 24-уми июл, солгарди оғози рӯйдодҳои Хоруғ «Сешанбеи сиёҳ» эълон карда шавад.

Дар саҳифаи худ дар Facebook Пояндашоев менависад, ки «ба хотири ёдбуди тамоми шаҳидону қурбониёни ин амалиёти васеи низомӣ ва тамоми ҳодисоти нанговари Тоҷикистон (солҳои 1992-2013), хотима додан ба ҷанги бародаркушӣ, ба мудохилаи душманонаи мамолики хориҷӣ ва таъмини адолат, амният ва ваҳдати воқеии тоҷикистониён, аз тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ҳар сол, 24 июл дар ҷумҳурӣ рӯзи «Сешанбеи сиёҳ» қайд карда шавад».

Бино ба пешниҳоди ӯ, дар «Сешанбеи сиёҳ» мардум бояд ҳамаи шаҳидону қурбониёни солҳои нангинро ёд кунанду дар синаҳои чапашон лентаҳои сиёҳ бубанданд ва дар миқёси ҷумҳурӣ ба хотири ёдбуди шаҳидону қурбониёни солҳои 1992-2013 дақиқаи сукут элон карда шавад.

Дар ҳамин ҳол, корбарони дигари ин шабакаи иҷтимоӣ, асосан зодагони Бадахшон, пешниҳоди рӯзи солгарди рӯйдодҳои Хоруғ соати 22:00 эълони кардан дақиқаи сукутро дастгирӣ кардаанд. Қобили зикр аст, ки аллакай беш аз 400 нафар аз ташаббуси эълони дақиқаи сукут пуштибонӣ намудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.