Р.Менглиев: СММ ҳисобот дар бораи рӯйдодҳои Хоруғро талаб накардааст

Аваз Юлдошев

Дар ҷаласаи Комиссияи ҳуқуқи башари СММ аввали моҳи июл оид ба баррасии гузориши Тоҷикистон ҳеҷ гуна талабот ё дархости ҳисобот дар бораи рӯйдодҳои соли гузашта Хоруғ садо надод. Дар ин бора зимни нишасти хабарии имрӯза вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, аз ҳайати Тоҷикистон дархост намудаанд, ки дар бораи қурбониён миёни […]


Дар ҷаласаи Комиссияи ҳуқуқи башари СММ аввали моҳи июл оид ба баррасии гузориши Тоҷикистон ҳеҷ гуна талабот ё дархости ҳисобот дар бораи рӯйдодҳои соли гузашта Хоруғ садо надод. Дар ин бора зимни нишасти хабарии имрӯза вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, аз ҳайати Тоҷикистон дархост намудаанд, ки дар бораи қурбониён миёни аҳолии осоишта маълумот диҳанд, зеро маълумоти сохторҳои қудратии Тоҷикистон ва чанде аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҳамдигар тафовут доранд.

«Баъзе намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба Комиссияи СММ иттилоъ додаанд, ки дар рӯйдодҳои Хоруғ беш аз 100 тан аз аҳолии осоишта қурбон шудаанд, вале мо маълумоти муътамадеро дар даст дорем, ки тибқи он, дар ҷараёни амалиёти махсус ҷиҳати халъи силоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ду тан аз аҳолии осоишта ҳалок шудаанд, ки яке аз тири дайду ва дигарӣ аз бемории сактаи дил фавтидааст», – изҳор кард вазир.

Бо такя ба маълумоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон Р.Менглиев ҳамчунин ёдовар шуд, ки дар ҷараёни амалиёти зикршуда 21 нафар аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ кушта ва ҳамчунин 18 нафар сарбозону афсарони нерӯҳои ҳукуматӣ низ ба ҳалокат расиданд.

Дар идома вазир таъкид намуд, ки тафтиши рӯйдодҳои соли гузаштаи Хоруғ то ҳол идома дорад ва баъди комилан анҷом ёфтани он, метавон мушаххасан ба хулосае расид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.