Тоҷикистон кишварҳои поёнобро аз камбуди об наҷот медиҳад

Заррина Эргашева

Пур кардани обанбори нерӯгоҳи барқии Тухтагул дар Қирғизистон, бузргтарин обанбор дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба камбуди об дар кишварҳои поёноби Сирдарё боис гардида, дар натиҷа Тоҷикистон ба партоби босуръати об аз обанбори нерӯгоҳи Қайроқкум барои таъминоти Ӯзбекистону Қазоқистон бо об оғоз кард. Зимни нишасти хабарӣ муовини аввали вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Султон Раҳимов […]


Пур кардани обанбори нерӯгоҳи барқии Тухтагул дар Қирғизистон, бузргтарин обанбор дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба камбуди об дар кишварҳои поёноби Сирдарё боис гардида, дар натиҷа Тоҷикистон ба партоби босуръати об аз обанбори нерӯгоҳи Қайроқкум барои таъминоти Ӯзбекистону Қазоқистон бо об оғоз кард.

Зимни нишасти хабарӣ муовини аввали вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Султон Раҳимов дар ин маврид изҳор кард, ки коҳиши маҷрои оби рӯдхонаи Сирдарё ба он марбут аст, ки Қирғизистон дар болооби Сирдарё воқеъ буда, ба пур кардани обанбори нерӯгоҳи барқии Тухтагул барои истеҳсоли барқ дар мавсими зимистон шурӯъ намуд.

«Қисмати зиёди оби дарёи Норин дар обанбори нерӯгоҳи Тухтагул ҷамъоварӣ мешавад ва ҳаҷми оби ҷоримешуда ба Сирдарё назаррас нест, ҳарчанд шурӯъ аз имрӯз онҳо ҳаҷми ҷоришавии обро афзуда бошанд ҳам, тамоми ин муддат обанбори Қайроққум, ки барои танзими маҷрои оби Сирдарё бунёд шудааст, натанҳо ноҳияҳои Мастчоҳу Зафаробод, Ҷ.Расулов, Спитамен, Ғончӣ ва шаҳри Истаравшан, балки кишварҳои поёноби Сирдарёро низ бо об таъмин мекунад», – зикр кард ӯ.

Раҳимов қайд кард, ки имрӯз дар масъалаи истифодаи обҳои фаромарзӣ кишварҳои минтақа фаъолона ҳамкорӣ доранд ва Тоҷикистон мақсади маҳдуд кардани кишварҳои поёноби рӯдхонаҳои Сирдарё ва Амӯдарё ба истифода аз обро пайгирӣ надорад.

«Агар мо имрӯз дар вазъи душвор ба кишварҳои поёноб кӯмак накунем, фардо ба дастгирии онҳо дар сохтмони минбаъдаи нерӯгоҳҳои барқӣ ва обанборҳо умедвор буда наметавонем», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.