Захираи тилову асъори Бонки миллӣ ба 1,1 млрд. $ баробар аст

Пайрав Чоршанбиев

– Ба охири моҳи июни соли равон захираи тилову асъори Бонки миллии Тоҷикистон 1,1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, – иттилоъ дод зимни нишасти хабарии имрӯза раиси БМТ Абдуҷаббор Ширинов. «Имрӯз мо беш аз 11 тонна тило захира дорем, ки як қисматаш дар Тоҷикистон ва қисмати дигар дар бонкҳои Швейтсария ва Олмон нигаҳдорӣ мешаванд», – […]


– Ба охири моҳи июни соли равон захираи тилову асъори Бонки миллии Тоҷикистон 1,1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, – иттилоъ дод зимни нишасти хабарии имрӯза раиси БМТ Абдуҷаббор Ширинов.

«Имрӯз мо беш аз 11 тонна тило захира дорем, ки як қисматаш дар Тоҷикистон ва қисмати дигар дар бонкҳои Швейтсария ва Олмон нигаҳдорӣ мешаванд», – зикр кард Ширинов.

Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми захираи тилову асъори Бонки миллӣ бо суръати хуб меафзояд ва ҳаҷми афзоиши солона ба 20-25% баробар аст, вале «ин ҳам ҳанӯз кам аст».

«Танҳо дар он сурат мо хотирҷамъ буда метавонем, ки агар захираи тилову асъори мо ҳаҷми семоҳаи воридоти кишварро рӯйпӯш карда тавонанд. Мутассифона, мо ҳанӯз ба ин сатҳ нарасидаем, зеро захираҳои мо каме зиёдтар аз ҳаҷми думоҳаи воридот мебошанд», – афзуд раиси БМТ.

Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми воридоти Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, яъне ҳаҷми воридоти миёнаи моҳонаи кишвар ба беш аз 333 млн. доллари ИМА баробар аст.

Қобили зикр аст, ки захираҳои тилову асъори Тоҷикистон таҳти назорати мақомоти давлатии танзимгари сиёсати пуливу қарзӣ қарор дошта, дар ҳама гуна вақт метавонад барои маблағгузорӣ ба касри тавозуни пардохтӣ, маблағгузорӣ ба бозорҳои асъор, ки ба қурби асъори миллӣ таъсиргузоранд, истифода гардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.