Хоруғ: Раҳпаймоӣ ба хотири ёдбуди қурбониёни рӯйдодҳои 24-уми июл

ASIA-Plus

Соати 4-и субҳи имрӯз сокинони маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ ба хотири ёдбуди қурбониёни рӯйдодҳои санаи 24-уми июли соли 2013 ба раҳпаймоии умумӣ баромаданд. Сарфи назар аз субҳи барвақт, ба раҳпаймоӣ ҳудуди 300 нафар ҳозир шуда, маросими ёдбуд аз қурбониёни он рӯйдодҳои фоҷеанокро мегузаронанд. Айни замон раҳпаймоӣ идома дорад. Дар синаҳои иштирокчиёни раҳпаймоӣ лентаҳои […]


Соати 4-и субҳи имрӯз сокинони маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ ба хотири ёдбуди қурбониёни рӯйдодҳои санаи 24-уми июли соли 2013 ба раҳпаймоии умумӣ баромаданд.

Сарфи назар аз субҳи барвақт, ба раҳпаймоӣ ҳудуди 300 нафар ҳозир шуда, маросими ёдбуд аз қурбониёни он рӯйдодҳои фоҷеанокро мегузаронанд. Айни замон раҳпаймоӣ идома дорад.

Дар синаҳои иштирокчиёни раҳпаймоӣ лентаҳои сиёҳ баста шудааст, ки рамзи ғуссаву андӯҳ аз қурбониён аст. Иштирокчиён ба макони фоҷеа – мавзеи УПД ва Хлебзаводи шаҳр гулҳо оварда, шамъҳо фурӯзон карданд. Ибодату дуохонии оммавӣ дар Бархоруғ идома ёфт.

Дар ҳамин ҳол, корбарони фаъоли «Фейсбук» расо соати 22:00 бо дақиқаи сукут аз қурбониёни он ёдоварӣ карданро пешниҳод мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки соати 4-и субҳи 24-уми июли соли гузашта дар шаҳри Хоруғ амалиёти махсуси нерӯҳои ҳукуматӣ оид ба боздошти афроди гумонбар ба қатли генерал Абдулло Назаров оғоз гардид. Амалиёт ба задухӯрдҳои хунини давомдор мубаддал гардид. Тибқи маълумоти расмӣ, дар ин амалиёт 17 нафар сарбозону афсарони нерӯҳои ҳукуматӣ ҳалок гардида, 30 тан аз ҷангиён кушта ва ҳамчунин як нафар  аз аҳолии осоиштаи шаҳр қурбон шуд. Дар ҳамин ҳол, бино ба фарзияи сокинони маҳаллӣ, шумори ҳалокшудагон миёни аҳолии осоишта даҳҳо нафар аст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ҳомиди Самад ва Қосими Бегмуҳаммад то рӯзи ихтирои телефони мобилӣ

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.