Таҳкими ҳамкориҳои ҳизбҳои ҳокими Тоҷикистону Озарбойҷон дар пешорӯи интихоботи президентӣ

Зимни мулоқоти сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов бо мудири шӯъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо созмонҳои ҷамъиятии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Аҳмадрафиқ Ҳомидов масоли марбут ба амалисозии бандҳои Созишномаи баимзорасида миёни ҲХДТ ва ҳизби сиёсии ҳоким дар Озарбойҷон «Ени Озарбойҷон» баррасӣ шуданд. Тавре роҳбари Маркази таблиғот ва таҳлили КИМ ҲХДТ Адҳам Мирсаидов ба ОИ «Азия-Плюс» […]

ASIA-Plus


Зимни мулоқоти сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов бо мудири шӯъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо созмонҳои ҷамъиятии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Аҳмадрафиқ Ҳомидов масоли марбут ба амалисозии бандҳои Созишномаи баимзорасида миёни ҲХДТ ва ҳизби сиёсии ҳоким дар Озарбойҷон «Ени Озарбойҷон» баррасӣ шуданд.

Тавре роҳбари Маркази таблиғот ва таҳлили КИМ ҲХДТ Адҳам Мирсаидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҷонибҳо ҳамчунин атрофи такмили фаъолияти ҳизбҳои ҳокими ҳарду кишвар дар остонаи маъракаҳои интиҳоботи президентӣ дар Тоҷикистону Озарбойҷон тирамоҳи соли равон табодули назар намуданд.

«Дар вохӯрӣ ҳамчунин ба масоили роҳандозии ҳамкориҳо дар бахши табодули таҷриба миёни ҲХДТ ва «Ени Озарбойҷон» таваҷҷуҳ зоҳир шуд», – афзуд А.Мирсаидов.

Ёдрас мекунем, ки маъракаи интихоботи президенти Озарбойҷон санаи 16-уми октябри соли равон доир мегардад. Ба туфайли ворид намудани тағйироту илова ба Сарқонуни кишвар, президенти вақти Озарбойҷон Илҳом Алиев имкони хуб дорад, ки пайи ҳам маротибаи сеюм ба ин мансаб дастёб гардад.

Маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон тирамоҳи соли равон пешбинӣ гардида, интизорӣ меравад, ки аввали моҳи август дар иҷлосияи муштараки ҳарду палатаи парлумон санаи баргузории интихоботи сарвари давлат эълон карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.