Муҳоҷирони тоҷик барои табобати ҳамдиёрашон 200 ҳазор рубл ҷамъоварӣ карданд

Бо мусоидати Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия муҳоҷиргни кории тоҷик дар шаҳри Новосибирск барои муолиҷаи ҳамдиёри худ Манучеҳр Одинаев, ки дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар  беморхона бистарӣ гардидааст, 200 ҳазор рубл ҷамъоварӣ карданд. Чӣ тавре ки котиби матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар медиҳад, Манучеҳр рӯзе […]

Аваз Юлдошев


Бо мусоидати Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия муҳоҷиргни кории тоҷик дар шаҳри Новосибирск барои муолиҷаи ҳамдиёри худ Манучеҳр Одинаев, ки дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар  беморхона бистарӣ гардидааст, 200 ҳазор рубл ҷамъоварӣ карданд.

Чӣ тавре ки котиби матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар медиҳад, Манучеҳр рӯзе қабл ҳангоми оббозӣ дар дарёи Об осеби ҷиддӣ дидааст.

«Худи ҳамон рӯз Манучеҳрро ба шӯъбаи ҷароҳатбандӣ ва ортопедияи пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии ш.Новосибирск меоранд. Тибқи ташхиси духтурон сар ва сутунмӯхраи Манучеҳр ҳангоми ҷаҳидан ба дарё сахт осеб дида, ба ҷарроҳии оҷилӣ эҳтиёҷ дорад. Азбаски Манучеҳр суғуртаи тиббӣ надоштааст, ҷарроҳии ӯ ба сифати шаҳрванди хориҷӣ пулакӣ анҷом дода мешавад», – иброз доштааст ӯ.

Ба қавли номбурда, дар асоси муроҷиати падари бемор Намояндагӣ дар якҷоягӣ бо раиси ҷамъияти минтақавии тоҷикони вилояти Новосибирск «Дӯстӣ» – Сияршо Абдуҷабборов бо тоҷикони минтақа мулоқот намуда, бо дастгирии онҳо дар ҳаҷми 200 ҳазор рубл маблағ ҷамъ кардаанд ва ин маблағ ба дасти падари Манучеҳр барои пардохти ҷарроҳӣ супурда шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.