Нигаронии мутахассисон аз обшавии босуръати пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ

Заррина Эргашева

– Тайи 10 соли ахир ҳудуди 1 ҳазор адад пиряхҳо дар Тоҷикистон бар асари обшавӣ аз байн рафтанд, – иброз дошт зимни нишасти хабарӣ муовини аввали вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Султон Раҳимов. «Ман чунин мешуморам, ки ин он қадр назаррас нест, зеро пиряхҳои хурд дар муқоиса бо пиряхи Федченко, ки тӯлаш беш аз […]


– Тайи 10 соли ахир ҳудуди 1 ҳазор адад пиряхҳо дар Тоҷикистон бар асари обшавӣ аз байн рафтанд, – иброз дошт зимни нишасти хабарӣ муовини аввали вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Султон Раҳимов.

«Ман чунин мешуморам, ки ин он қадр назаррас нест, зеро пиряхҳои хурд дар муқоиса бо пиряхи Федченко, ки тӯлаш беш аз 70 километрро ташкил медиҳад, нақши бузург надошта, вале тамоили кам шудани пиряхҳо идома дорад», – гуфт ӯ.

Муовини вазир иттилоъ дод, ки ҳанӯз соли 2001 дар Тоҷикистон 14 ҳазор пиряхҳо бо майдони умумии ҳудуди 12 ҳазор километри мураббаъ мавҷуд буданд, ки 8%-и қаламрави ҷумҳуриро ташкил медод, вале дар бораи майдони умумии имрӯзаи пиряхҳои кишварро ӯ мушаххасан маълумоте надода, танҳо зикр кард, ки обшавии пиряхҳо сабаби асосии камбуди об дар минтақа аст.

«Масалан, оид ба пиряхи Федченко гуфта метавонам, ки мониторинг гувоҳи он аст, ки аз соли 1932, замони оғози фаъолияти якумин посгоҳи назоратӣ, забонаи пирях 1 километр ва ғафсии пирях ба андозаи 50 метр коҳиш ёфтааст. Ин нишондиҳандаҳо бозгӯи онанд, ки раванди таъсири тағйири иқлим ба обшавии пиряхҳо ҷараён дорад», – зикр кард муовини аввали вазир.

Раҳимов шарҳ дод, ки сарфи назар аз коҳиши начандон назарраси майдони пиряхҳо, дар ҳавзаи дарёи Амударё айни замон тайғйироти чашмрас ба мушоҳида намерасад. «Тибқи баҳодиҳии коршиносон, дар ҳавзаи Амударё афзои маҷрои об ба миқдори 1-1,5% ба назар мерасад, яъне феълан обшавии пиряхҳо ба афзоиши маҷро боис гардидааст. Аммо дар дурнамои миёна ва дарозмуҳлат аз ҳисоби коҳиши майдони пиряхҳо, маҷрои об низ метавонад кам шавад. Дар Сирдарё маҷро аллакай ба андозаи 5-7% кам шудааст», – гуфт Султон Раҳимов.

Дар робита ба тадбирҳои мутобиқгардонӣ дар ин самт Раҳимов мутмаин аст, ки яке аз методҳои оқилонаи истифодаи захираҳои обӣ сохтмони обанборҳо мебошад, зеро бидуни он об метавонад ба ҳар куҷое масраф гардад ва агар ҳатто ба баҳри Арал ҳам резад, онҷо низ кафолати захира мавҷуд набуда, об бухор ва талаф меёбад.

Дар ҳамин ҳол, масъалаи дастрасии аҳолии Тоҷикистон ба оби тозаи ошомиданӣ то имрӯз рӯзмарра боқӣ монда, тибқи маълумоти Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҶТ, ҳамагӣ 57%-и аҳолии кишвар бо оби тозаи ошомиданӣ таъминанд, ки 90%-и онҳо сокинони шаҳрҳо мебошанд.

Раҳимов эътироф намуд, ки дар масъалаи таъминот бо оби тозаи ошомиданӣ мушкилот ҷой дорад ва ин мушкили танҳо як Тоҷикистон нест. «Тайи 5 соли ахир ба ин соҳа беш аз 200 млн. доллари ИМА маблағ равона гардид, ки қисмате аз онҳо барои барқарор кардани низоми таъминот бо оби кӯҳнаву фарсудашдуаи шаҳрҳо истифода шуд. Баҳри беҳбуди вазъи таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ мо бо лоиҳаҳои созмонҳои байнулмилаливу кишварҳои мададрасон ҳамкорӣ дорем», – зикр кард ӯ ва илова намуд, ки воситаҳои аз буҷети кишвар ҷудогардида барои ин эҳтиёҷот кофӣ нест.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?