БҶ ва Тоҷикистон санаи баргузории машваратҳои навбатӣ оид ба лоиҳаи Роғунро муайян мекунанд

Бонки ҷаҳонӣ дар ҳамдастӣ бо ҳукумати Тоҷикистон санаи баргузории машварати навбатии марбут ба таҳқиқоти арзёбии лоиҳаи нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғунро муайян месозад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе хабар доданд, айни замон таҳқиқоти лоиҳаи нерӯгоҳ идома дошта, як қатор ҳисоботи марҳилавӣ оид ба арзёбии иншооти мавҷуда ва дигар ҷанбахои техникӣ таҳия ва […]

Пайрав Чоршанбиев


Бонки ҷаҳонӣ дар ҳамдастӣ бо ҳукумати Тоҷикистон санаи баргузории машварати навбатии марбут ба таҳқиқоти арзёбии лоиҳаи нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғунро муайян месозад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе хабар доданд, айни замон таҳқиқоти лоиҳаи нерӯгоҳ идома дошта, як қатор ҳисоботи марҳилавӣ оид ба арзёбии иншооти мавҷуда ва дигар ҷанбахои техникӣ таҳия ва ба чоп омода мегардад.

«Мутобиқи таҷрибаи пешин мо ин ҳуҷҷатҳоро дар сомона ба чоп расонида, санаи баргузории машварати минбаъдаро эълон мекунем ва ба ҷомеа барои шиносоӣ бо он вақтӣ кофӣ дар ихтиёр хоҳад буд»,- гуфтанд дар намояндагии бонк.

Мавриди зикр аст, ки қаблан нияти ахири тобистони соли равон баргузор намудани машваратҳои навбатӣ оид ба лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун изҳор шуда буд.

Муддати ду сол аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ бо иштироки коршиносони бонк, ҳукуматҳо ва намояндагони кишварҳои ҳавзаи дарёӣ се марҳилаи ҷаласа оид ба табодули маълумот ва баррасии таҳқиқоти арзёбии лоиҳа гузаронида шуд. Хайати ҳукумати Ӯзбекистон аз иштирок дар ин марҳилаҳо даст кашид.

Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, баргузории чунин машваратҳо бо намояндгони кишварҳои минтақа ва иштироки коршиносони бонк дар марҳилаҳои калидии ҷараёни баргузории ҳарду таҳқиқоти арзёбӣ ба нақша гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.