Раиси КМИР ба саволҳои раҳбарони аҳзоби сиёсӣ посух гуфт

Имрӯз дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон воӯрии раиси КМИР Шермуҳаммади Шоҳиён бо  раҳбарони аҳзоби сиёсии кишвар доир гардида, дар ҷараёни он масоили марбут ба баргузории интихоботи президенти ҷумҳурӣ баррасӣ шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маъмурияти КМИР Абдуманнон Додоев хабар дод, дар мулоқот роҳбарони ҳамаи ҳашт аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ иштирок доштанд. «Ҳизби сотсиал-демократро […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон воӯрии раиси КМИР Шермуҳаммади Шоҳиён бо  раҳбарони аҳзоби сиёсии кишвар доир гардида, дар ҷараёни он масоили марбут ба баргузории интихоботи президенти ҷумҳурӣ баррасӣ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маъмурияти КМИР Абдуманнон Додоев хабар дод, дар мулоқот роҳбарони ҳамаи ҳашт аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ иштирок доштанд. «Ҳизби сотсиал-демократро муовини раиси ҳизб Шокирҷон Ҳакимов намояндагӣ карда ба гуфтаи ӯ, раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров дар сафари хидматӣ аст», – гуфт ӯ.

Дар идома Додоев изҳор намуд, ки дар вохӯрӣ раҳбарони аҳзоби сиёсӣ ба саволҳои мавриди таваҷҷуҳашон, аз ҷумла ҷамъоварии имзоҳо ба дастгирии номзад, ба ҳайати комиссияҳои участкавии интихоботӣ шомил гардидани намояндагони ҳизбҳо посух гирифтанд.

«Раиси КМИР ба ҳозирин шарҳ дод, ки мувофиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, ҷамъоварии имзоҳои муҳоҷирони корӣ ба дастгирии ин ё он номзад ғайриимкон аст, зеро тибқи меъёрҳои қонун, варақаҳо барои ҷамъоварии имзоҳоро бояд раисони шаҳру ноҳияҳо ба имзо расонанд. Бо ин сабаб номзадҳо ба мансаби президентӣ дар қаламрави берун аз кишвар имзо ҷамъоварӣ карда наметавонанд», – зикр кард Додоев.

Номбурда ҳамчунин гуфт, бо дархости раҳбарони аҳзоби сиёсӣ имрӯз КМИР ба унвони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии кишвар нома ирсол хоҳад кард, ки дар он дахолати онҳо ба кори комиссияҳои интихоботӣ манъ карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.