Мурофиаи судии Зайд Саидов 12-уми сентябр доир мегардад

Мурофиаи судӣ нисбат ба соҳибкори шиноха Зайд Саидов ба рӯзи 12-уми сентябри соли ҷорӣ таъин шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои соҳибкор хабар дод, мурофиа пушти дарҳои пӯшида дар тавқифгоҳи муваққатии КДАМ Тоҷикистон баргузор мешавад, зеро ба парванда муҳри махфӣ гузошта шудааст. «Имрӯз ба ман ҷиҳати шиносоӣ бо парванда ордер доданд. […]

ASIA-Plus


Мурофиаи судӣ нисбат ба соҳибкори шиноха Зайд Саидов ба рӯзи 12-уми сентябри соли ҷорӣ таъин шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои соҳибкор хабар дод, мурофиа пушти дарҳои пӯшида дар тавқифгоҳи муваққатии КДАМ Тоҷикистон баргузор мешавад, зеро ба парванда муҳри махфӣ гузошта шудааст.

«Имрӯз ба ман ҷиҳати шиносоӣ бо парванда ордер доданд. Маълум аст, ки ҳамроҳ бо Саидов собиқ директори корхонаи «Тоҷиктекстил» Далер Бобоев низ дар назди суд ҷавоб мегӯяд», – зикр кард Қудратов.

Ба гуфтаи ӯ, субҳи имрӯз пас аз

ҳабси панҷрӯза

узви гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав» Маҳмудҷон Қосимов, ки барои ташкили иқдом флеш-моб ба хотири дастгирии Зайд Саидов муҷозот шуда буд, ба озодӣ баромад. «То ахири рӯз ҳамаи иштирокчиёни иқдоми флеш-моб ҷавоб дода мешаванд», – афзуд адвокат.

Ёдрас мекунем, ки иқдоми флеш-моб рӯзи 27-уми август дар боми маҷмаии тиҷоратии «Пойтахт» баргузор шуд.

Дар аксия дӯстону наздикони Зайд Саидов, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО, дар маҷмӯъ беш аз 50 нафар ширкат варзиданд. Иштирокчиёни аксия овеза бо акси Зайд Саидовро бо 100 адад пуфак ба ҳаво сар доданд. Ҳамчун рамзи озодӣ 100 кабӯтар низ ба ҳаво сар дода шуд.

Қобили зикр аст, ки Зайд Саидов ба содир намудани як қатор ҷиноятҳои иқтисодӣ ва ҳамчунин таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ айбдор карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.