Ҷоришавии низоми таҳсили нимсола – ҷонибдорон ва мухолифон

Соли нави хониш дар мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар низоми нимсолаи таҳсил ҷорӣ шуд. Бино ба маълумоти Вазорати маорифи ҶТ, зимни ҷорӣ кардани ин низоми таҳсил мансабдорон ба таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ такя намуда, назари коршиносони маҳаллиро ба инобат нагирифтанд. Намояндаи Маркази ҳуқуқи кӯдакони ҶТ Гулчеҳра Раҳмонова бар ин назар аст, ки аз нигоҳи ҳуқуқ дар ин […]

Маина Швартс


Соли нави хониш дар мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар низоми нимсолаи таҳсил ҷорӣ шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати маорифи ҶТ, зимни ҷорӣ кардани ин низоми таҳсил мансабдорон ба таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ такя намуда, назари коршиносони маҳаллиро ба инобат нагирифтанд.

Намояндаи Маркази ҳуқуқи кӯдакони ҶТ Гулчеҳра Раҳмонова бар ин назар аст, ки аз нигоҳи ҳуқуқ дар ин масъала давлат бояд манфиати кӯдакро ба назар гирад ва ин ҷо хулосаҳои коршиносони соҳибтаҷриба зарур аст. «Ин низом тибқи ислоҳоти бахши маориф то соли 2020 ҷорӣ гардида, то кадом андоза фаъолона иштирок кардани равоншиносон дар он маълум нест. Соли гузашта толибилмонро бидуни шарҳи сабаб аз таътилҳо маҳрум намуданд, акнун ин дар сатҳи расмӣ тасдиқ шуд», – зикр кард ӯ.

Президенти Академияи маорифи Тоҷикистон Ирина Каримова ҷонибдори ин низом буда, изҳор кард, ки дар ин масъала таҷрибаи мусбати бисёре аз кишварҳои хориҷӣ, аз қабили Беларус ва кишварҳои Назди Балтик ба инобат гирифта шудаанд. «Аз методҳои кӯҳна даст мебояд кашид, мухолифини навгониҳо ҳамеша пайдо мешаванд, зеро ҳама чизи нав манфӣ қабул мешавад», – иброз дошт номбурда.

Қобили зикр аст, ки дар қатори Академияи маориф, низоми нимсолаи таҳсил аз ҷониби Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ низ дастгирӣ шуд.

Аммо волидайни мактаббачагон бар ин назаранд, ки ин низом қобили қабул нест, бахусус барои толибилмони синфҳои ибтидоӣ. «Ним сол барои кӯдак ҷиҳати қабули маводи дарсӣ хеле душвор аст. Гузашта аз ин, дар муддати як моҳи таътили зимистона кӯдакон маводи гузаштаро фаромӯш мекунанд. Таътил барои кӯдакон бефоида мегузарад ва ин замон аксари падару модарон дар кор буда, бо нҳо якҷо буда наметавонанд. Ба таҳсили нимсола фаро гирифтани толибилмони синфҳои болоӣ мувофиқи мақсад аст, то ки онҳо ба имтиҳоноти қабул ба макотиби олӣ омода шаванд, вале барои хонандагони то синфи 10 ин низом судманд нест», – мегӯяд яке аз волидон.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки таътили дарозмуҳлати зимистона бар асари сардиҳои шадид ҷорӣ гардид, вале намояндагони Вазорати маориф итминон медиҳанд, ки қариб ҳамаи мактабҳо ба зимистон омодаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.