Нақлиётчиёни 13 кишвар дар Душанбе гирдиҳам омаданд

Барои иштирок дар кори ҷаласаи даҳуми ҷашнии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА (Роҳи нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё), ки рӯзҳои 17-18-уми сентябр доир мегардад, ҳайати 13 кишвари ҷаҳон дар Душанбе гирдиҳам омаданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷаласа масоили робитаҳои нақлиётии Авруосиё, ҳамлу нақли автомобилӣ миёни Осиёву Аврупо ва Шарқи Наздик тавассути минтақаи Осиё […]


Барои иштирок дар кори ҷаласаи даҳуми ҷашнии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА (Роҳи нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё), ки рӯзҳои 17-18-уми сентябр доир мегардад, ҳайати 13 кишвари ҷаҳон дар Душанбе гирдиҳам омаданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷаласа масоили робитаҳои нақлиётии Авруосиё, ҳамлу нақли автомобилӣ миёни Осиёву Аврупо ва Шарқи Наздик тавассути минтақаи Осиё Марказӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ҳамчунин давоми ин рӯзҳо дар Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Рушди нақлиёти автомобилӣ ва иқтидори транзитии Осиёи Марказӣ барои то давраи соли 2023» низ дар назар аст.

Барномаи ТРАСЕКА дар конфронси Брюссел 3-юми майи соли 1993 таҳия гардид. Дар он вазирони нақлиёти 8 давлат, 5 давлати Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) ва 3 давлати минтақаи Қафқоз (Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон) иштирок доштанд.

Дар конфронс оид ба ҷорӣ кардани барномаи кӯмаки техникӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо барои рушди роҳи нақлиётӣ ба самти Ғарб – Шарқ, аз Аврупо бо убури Баҳри Сиёҳ ва Каспий бо хурӯҷ ба Осиёи Марказӣ маблағгузорӣ мешавад, созишнома ба имзо расид.

Соли 1996 ба Барномаи ТРАСЕКА Украина, Муғулистон ва сипас Молодова, соли 2002 Булғористон, Руминия ва Туркия қабул карда шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд: камарбанди WBC Eurasia ҳоло ҳам соҳиб надорад

Яке аз қувваозмоиҳои деринтизор дар минтақа, ки бояд дар Тошканд баргузор мешуд, ногаҳон доир нагардид.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаҳои савдо, хидматрасонии маишӣ ва коммуналӣ аст.

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.