Боздиди президент аз корхонаи «Фирӯз» дар шаҳри Хуҷанд

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз аз корхонаи саноатии «Фирӯз» боздид намуда, бо фаъолияти ибратбахши он бевосита шинос шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Музаффар Искандаров дар заминаи собиқ фабрикаи корҳои хонагӣ бунёд ёфта, аз коргоҳҳои бофандагӣ, дӯзандагӣ ва истеҳсоли […]


Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз аз корхонаи саноатии «Фирӯз» боздид намуда, бо фаъолияти ибратбахши он бевосита шинос шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Музаффар Искандаров дар заминаи собиқ фабрикаи корҳои хонагӣ бунёд ёфта, аз коргоҳҳои бофандагӣ, дӯзандагӣ ва истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ иборат аст.

Тавре аён гардид, дар коргоҳи бофандагии ин корхона аз риштаҳои пахтагини корхонаҳои ресандагии ватанӣ матоъҳо барои дӯхти либосҳои варзишии навъи кимано омода мегардад.

Аз ҳамин матоъҳо дар коргоҳи дӯзандагии он киманоҳои навъҳои гуногун барои гӯштин, карате, таэквондо ва дигар намудҳои варзиши тан ба тан дӯхта мешавад.

Аз ҳама ҷолиб ин аст, ки киманоҳои ин корхона ба 22 давлати ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ бо тамғаи ширкати Фирӯз ва нишонаи истеҳсолии Тоҷикистон содир карда мешавад. Тавре иттилоъ доданд, ширкати Фирӯзи Тоҷикистон яке аз 10 ширкат дар ҷаҳон аст, ки барои дӯхтан ва фурӯши ин намуди либосҳои варзишӣ дар бозори ҷаҳонӣ иҷозатномаи байналмилалӣ доранд.

Дар шафати корхона ин соҳибкори ватанӣ як меҳмонхонаи дараҷаи 4 ситора ҳам бунёд намудааст, ки дорои 18 ҷой ва шароити муосир мебошад. Дар таҳхонаи он ҳаммоми финӣ бунёд ёфтааст, ки он ҳам ба ҳамаи талаботи байналмилалии сатҳи баланд ҷавогӯй аст.

Ҳамчунин имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ду бинои иловагии таваллудхонаи вилоятӣ мавриди истифода қарор гирифт. Зимни боздид аз шароити наву замонавии ин муассисаи тиббӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки биноҳои нави он бо харҷи зиёда аз 54 млн. сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфта, бо навтарин таҷҳизоти ҷаҳонии замони муосир муҷаҳҳаз гардидааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, бинои пешинаи таваллудхона ҳам бо харҷи қариб 3,5 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ мавриди тармим ва навсозии куллӣ қарор гирифтааст. Дар ин муассисаи тиббии вилоятӣ 350 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Иншооти сеюм, ки имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт, мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҳаллаи Нав барои 1000 нафар хонанда дар ду баст мебошад.

Чунонки зикр гардид, ин маҳаллаи нав дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд аз соли 2003 ба ин сӯй бунёд ёфта, то ин вақт мактаб надоштааст. Аз ин хотир дар ин ҷо бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ мактаби нави замонавӣ бо 16 синфхонаи ба талаботи замон ҷавобгӯй бунёд карда шуд.

Дар ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонии рақами 13 бинои сеошёнаи иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дорои 24 синфхона буда, барои 1450 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Сохтмони бинои навбунёди мактаб моҳи феврали соли 2012 оғоз ёфта, бо харҷи қариб 5 миллион сомонӣ то имрӯз барои баҳрабардорӣ омода гардидааст. Бинои нави иловагии мактаб дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, толори барҳавои маҷлисӣ, ошхонаи зебо, толори бузурги варзишӣ ва майдонҳои варзишӣ барои футбол, волейбол, баскетбол ва дигар бозиҳо мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд: камарбанди WBC Eurasia ҳоло ҳам соҳиб надорад

Яке аз қувваозмоиҳои деринтизор дар минтақа, ки бояд дар Тошканд баргузор мешуд, ногаҳон доир нагардид.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаҳои савдо, хидматрасонии маишӣ ва коммуналӣ аст.