Ҳукуматдорони АМА Қувватовро ба Тоҷикистон истирдод намекунанд?

Николай Николаев, адвокати мухолифи тоҷик Умаралӣ Қувватов изҳор намуд, ки ҳукуматдорони Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) истирдоди ӯро ба Тоҷикистон рад карда, ҳуҷҷатҳои инкоркунандаи ин далелро онҳо дар даст надоранд. «Мо ҳуқуқшиносем ва танҳо ба ҳуҷҷат боварӣ дорем. Чизе, ки мо мушоҳида мекунем, бозгӯи он аст, ки хадамоти махсуси Тоҷикистон дидаву дониста ҳукуматдорони АМА-ро ба гумроҳӣ […]


Николай Николаев, адвокати мухолифи тоҷик Умаралӣ Қувватов изҳор намуд, ки ҳукуматдорони Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) истирдоди ӯро ба Тоҷикистон рад карда, ҳуҷҷатҳои инкоркунандаи ин далелро онҳо дар даст надоранд.

«Мо ҳуқуқшиносем ва танҳо ба ҳуҷҷат боварӣ дорем. Чизе, ки мо мушоҳида мекунем, бозгӯи он аст, ки хадамоти махсуси Тоҷикистон дидаву дониста ҳукуматдорони АМА-ро ба гумроҳӣ андохтаанд. Акнун ба мо муяссар шуд, ки инро исбот созем. Мо қарорро интизорем», – иброз дошт Николаев.

Дар ҳамин ҳол, ахири моҳи август як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки масъалаи истирдоди роҳбари «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов метавонад

муддати як ҳафта ҳаллу фасл шавад.

«Мо дар тамоми мурофиаҳои судӣ ғолиб омадем, яъне суди зинаи аввал ва таҷдиди назар дар ҳарду ҳолат ҳам ба истирдоди Қувватов ба Тоҷикистон қарор содир намуд. Шикояти Қувватов ва адвокати ӯ рад карда шуд, – иброз дошта буд он замон манбаъ. – Айни замон танҳо масъалахои техникиро ҳал кардан зарур аст».

Ёдрас мекунем, ки Қувватов ахири моҳи декабри соли 2012  бо дархости ҳукуматдорони тоҷик дар Дубай боздошт шуд. Ба Аморати Муттаҳидаи Араб ӯ Аз Маскав омада, ният дошт, ки минбаъд сафарашро ба шаҳри Брюссел идома бидиҳад.

Санаи 10-уми марти соли ҷорӣ ҳукуматдорони АМА дархости Душанбеи расмӣ оид ба истирдоди мухолифи тоҷикро рад намуданд. Аллакай рӯзи 14-уми апрел бошад, суд оид ба ватан истирдод шудани пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи-24» қарор содир намуд. Пас аз ин адвокат аз болои қарори суд шикояти кассатсионӣ пешниҳод намуд, ки он санаи 18-уми баррасӣ шуд. Аммо то имрӯз мақомоти расмӣ дар бораи чӣ гуна қарор қабул шудан нисбати Қувватов аз ҷониби суди Дубай маълумот намедиҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд: камарбанди WBC Eurasia ҳоло ҳам соҳиб надорад

Яке аз қувваозмоиҳои деринтизор дар минтақа, ки бояд дар Тошканд баргузор мешуд, ногаҳон доир нагардид.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаҳои савдо, хидматрасонии маишӣ ва коммуналӣ аст.