Дар ҳашт моҳ мизони таваррум 2,5%-ро ташкил дод

Дар зарфи 8 моҳи соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 2,5%-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар ин давра нархҳо ба маводи ғизоӣ ба андозаи 1,2%, маҳсулоти ғайриғизоӣ – 5,1% ва хизматгузории пулакӣ ба аҳолӣ ба миқдори 3,1% зиёд шуданд. Дар маълумоти Агентии омор зикр мегардад, ки моҳи август мизони […]

ASIA-Plus


Дар зарфи 8 моҳи соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 2,5%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар ин давра нархҳо ба маводи ғизоӣ ба андозаи 1,2%, маҳсулоти ғайриғизоӣ – 5,1% ва хизматгузории пулакӣ ба аҳолӣ ба миқдори 3,1% зиёд шуданд.

Дар маълумоти Агентии омор зикр мегардад, ки моҳи август мизони таваррум дар Тоҷикистон ба 0,9% баробар шуда, моҳи гузашта нархҳо ба маҳсулоти ғайриғизоӣ 0,4% афзудааанд ва нархҳо ба маводи ғизоӣ ва тарофаҳои хизматгузории пулакӣ ба аҳолӣ мутаносибан ба андозаи 0,1% ва 2% коҳиш ёфтаанд.

Ёдрас мекунем, ки ҳукумати Тоҷикистон нигоҳ доштани мизони таваррум дар сатҳи то 9% дар соли равонро ба нақша гирифтааст.

Соли гузашта мизони таваррум дар кишвар 6,4%-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 2,9% поинтар буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.