Ба вакилон бештар аз маош, нафақа ва қитъаи замин шикоят мекунанд

Дар ҷараёни вохӯрии вакилони палатаи поёнии парлумон бо интихобкунандагон мардум бештар аз мушкилоти музди меҳнат, нафақаву кӯмакпулӣ ва ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони манзил шикоят мекунанд. Котиби матбуоти палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки зимни вохӯриҳои вакилон бо мардум дар вилояти Хатлон оид ба аз 1-уми […]


Дар ҷараёни вохӯрии вакилони палатаи поёнии парлумон бо интихобкунандагон мардум бештар аз мушкилоти музди меҳнат, нафақаву кӯмакпулӣ ва ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони манзил шикоят мекунанд.

Котиби матбуоти палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки зимни вохӯриҳои вакилон бо мардум дар вилояти Хатлон оид ба аз 1-уми сентябр афзудани музди меҳнати кормандони буҷет ва ҳаҷми нафақаву кӯмакпулиҳо саволҳои зиёд пешниҳод мешаванд. «Аксари омӯзгорону нафақахӯрон то кадом андоза зиёд шудани ҳаҷми маош ва нафақаашонро намефаҳманд», – гуфт ӯ.

Дар идома ӯ таъкид дошт, ки оид ба ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони манзил низ интихобкунандагон хеле зиёд ба вакилон муроҷиат менамоянд.

«Аз рӯи натиҷаҳои вохӯриҳо бо интихобкунадагон палатаи поёнии парлумон барои ҳукумати кишвар маълумотнома омода хоҳад кард, ки дар он мушкилоти асосӣ дар маҳалҳо инъикос хоҳанд гардид. Ғайр аз ин, дар сатҳи ҳукуматҳои маҳаллӣ вакилон баҳри ҳалли имконпазири ин ё он мушкилоти интихобкунандагон кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод», – афзуд котиби матбуотии парлумон.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".