Покистон дубора ба лоиҳаи CASA-1000 ворид шуд

Аз рӯйи натоиҷи ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматии чор кишвари иштирокчии лоиҳаи минтақавии CASA-1000 дар пойтахти Покистон дар бораи таҳвили нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳаҷми 1300 МВт созишнома ба имзо расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Исломобод хабар доданд, санад аз ҷониби роҳбарони ҳайатҳои Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба имзо […]


Аз рӯйи натоиҷи ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматии чор кишвари иштирокчии лоиҳаи минтақавии CASA-1000 дар пойтахти Покистон дар бораи таҳвили нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳаҷми 1300 МВт созишнома ба имзо расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Исломобод хабар доданд, санад аз ҷониби роҳбарони ҳайатҳои Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба имзо расид. Ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласа муовини аввали вазири энергетика ва саноати ҶТ Пӯлод Муҳиддинов сарварӣ мекард, ки ҳамзамон роҳбари гурӯҳи кории муштарак аз Тоҷикистон мебошад.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи лоиҳаи CASA-1000 Тоҷикистону Қирғизистон уҳдадор мешаванд, ки муддати 15 сол дар мавсими тобистон (аз моҳи май то сентябр) ба Покистон дар ҳаҷми 1000 МВт ва ба Афғонистон 300 МВт нерӯи барқ интиқол диҳанд, ки дар панҷ моҳ 5 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад. Аз ин ҳаҷм интиқоли 2 млрд. кВт/соат ба дӯши Қирғизистон ва 3 млрд кВт/соат нерӯи барқ ба дӯши Тоҷикистон вогузор мегардад.

Бо мурури афзудани имконоти содиротии Тоҷикистону Қирғизистон роҳандозии интиқоли барқ дар мавсими зимистон низ дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки ширкати «Эс-Эн-Си Лавалин»-и Канда тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳаро таҳия намуд. Мутобиқи он, арзиши умумии лоиҳа бо шумули хароҷоти ғайримунтазира ва фоизҳо зимни сохтмон 953 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аммо арзиши ниҳоии лоиҳа пас аз баргузории тендер оид ба сохтмон мувофиқи меъёрҳои байнулмилалии савдои озмунӣ муайян мегардад.

Интизорӣ меравад, ки ҳар кадоме аз давлатҳо дар қаламрави кишвараш дороиҳои худро бунёд мекунад. Арзиши дороиҳои Тоҷикистон тахминан 270 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба маблағгузорӣ дар лоиҳаи мазкур аллакай Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки исломии рушд таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ҳамчунин ҳукумати Тоҷикистон баҳри ҷалби сармоягузории пурра ба ин лоиҳа ба кишвару созмонҳои мададрасони имконпазир муроҷиат кард.

Ғайр аз ин, иштироки Русия дар лоиҳа тавассути Фонди авруосиёии сармоягузорӣ низ пешбинӣ шудааст. Бевосита амалисозии лоиҳа аввали соли оянда оғоз ва соли 2017 ба итмом мерасад.

Қобили зикр аст, ки вазъи сиёсӣ дар Покистон муддати зиёде ба иштирокчиёни лоиҳа имкон надод, ки реҷаи қаблан мувофиқашударо риоя намоянд. Аз моҳи ноябри соли гузашта ҳайати Покистон дар ҷараёни гуфтушунидҳо иштирок намекард.

Гуфтушунидҳо дар ҳайати мукаммали иштирокчиёни лоиҳа чанде қабл пас аз ташкили ҳукумати нав дар Покистон оғоз гардида, гурӯҳи кории лоиҳа аз ин кишвар тасдиқ шуд.

Дар лоиҳаи CASA-1000 (Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ 1000 МВт) сохтмони хатти баландшиддати барқ ва роҳандозии содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ мешавад. Тибқи маълумоти пешакӣ масофаи хатти баландшиддати барқи лоиҳа 970 километрро ташкил хоҳад дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".