Ба кӯдакистони нави Хуҷанд президент 4 автомобил туҳфа кард

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кӯдакистони президентӣ, ки барои 1000 нафар кӯдакони болаёқат пешбинӣ шудааст, ифтитоҳ ёфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, кӯдакистони президентии шаҳри дар майдони 3 га бунёд ёфта, ин иншоот бо харҷи 25 миллион сомонӣ бунёд ва барои ҳазор нафар кӯдакони болаёқат пешбинӣ гардидааст. Ин […]


Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кӯдакистони президентӣ, ки барои 1000 нафар кӯдакони болаёқат пешбинӣ шудааст, ифтитоҳ ёфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, кӯдакистони президентии шаҳри дар майдони 3 га бунёд ёфта, ин иншоот бо харҷи 25 миллион сомонӣ бунёд ва барои ҳазор нафар кӯдакони болаёқат пешбинӣ гардидааст. Ин иншооти зебою муҳташам аз ду бинои бузурги сеошёна ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, кӯдакон ба 46 гурӯҳи аз 16 то 20-нафарӣ шомил мегарданд.

Аз ҳама хурдсолон дар ошёнаи якум, 4-5-солаҳо дар ошёнаи дуюм ва 6-солаҳо дар қабати сеюми бино ҷойгир карда мешаванд. Дастгоҳу таҷҳизот, утоқҳои машғулиятӣ, бозию дилхушӣ ва хобу фароғат ҳам дар ҳар ошёна мутобиқ ба синну соли кӯдакони ҳамин се гурӯҳ  омода гардидааст.

Дар ошёнаи сеюм, ки барои шашсолаҳо пешбинӣ гардидааст, синфхонаҳо барои омодасозии онҳо ба мактаб муҷаҳҳаз гардидаанд. Дар ин ҷо ба онҳо хондану навиштан ва расмкашӣ меомӯзонанд. Ҳамчунин утоқҳои махсус барои маҳфилҳои рақсу суруду дилхушӣ ва ҳатто барои омӯзиши забонҳои русию англисӣ ва асосҳои кор бо компютер мавҷуданд. Утоқи компютерӣ 30 компютер дорад.

Дар ҳавлии муассиса 46 майдончаи махсус бо ҳамин қадар айвонча барои бозӣ ва машғулиятҳои гуногуни кӯдакон омода гардида, ҳар як майдонча дорои бозичаҳо мебошад ва бо дарахтони сояафкан ва гулу сабзазор оро ёфтааст.

Кӯдакистон, ҳамчунин дорои се ҳавзи шиноварӣ мебошад. Яке аз онҳо бо соябонҳо ва курсиҳои махсуси бароҳат дар ҳавлӣ ҷойгир шуда, ду тои дигар бо шабакаи гармсозӣ ва обсофкунӣ дар таҳхона қарор доранд.

Барои омӯзишу парастории босифати ҳазор кӯдаки болаёқат ва хизматрасониҳои дигар ба ин ҷо беш аз 260 нафар кормандони соҳибтаҷрибаи корозмуда ба кор ҷалб мешаванд.

Кӯдакистони президентӣ дорои хадамоти махсуси тиббӣ, оташнишонӣ, гармидиҳӣ ва доир ба нигоҳубини гулгашту майдончаҳои ҳавлӣ буда, барои ҳамаи онҳо тамоми шароти зарурии техникию хоҷагидорӣ муҳайё гардидааст.

Дар зимистон ба тамоми биноҳои кӯдакистон ба воситаи шабакаи ягонаи гармидиҳӣ, ки бо ангишт кор хоҳад кард, оби гарм ва гармӣ дода мешавад.

Зимни боздид аз ошхонаю ошпазхонаи ин муассисаи инноватсионӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ба масоили тозагию озодагӣ, талаботи санитарӣ ва пешгирӣ аз бемориҳо пайваста таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Ба кӯдакистон аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як мошини ёрии таъҷилии тиббӣ, 2 автобуси чилнафара ва як мошини боркаш ҳадя карда шуд.

Дар саҳни ҳавлии кӯдакистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар назди беш 2 ҳазор нафар кормандони соҳаи маориф ва дигар сохтору муассисаҳои масъули омӯзишу парвариши насли навраси вилоят суханронӣ карда, аз дастовардҳои назарраси ҳукумати кишвар дар ин самти муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ёдовар шуд ва ҳамагонро ба омодасозии босифати кӯдакону наврасон ва ҷавонони ояндасози Ватани азизи мо ҳидоят намуд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки шароити хуби дар ин ва дигар муассисаҳои томактабӣ муҳайёшаванда бояд мавриди истифодаи босамар қарор дода шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".