Ифтитоҳи варзишгоҳу мактаби нав дар Хистеварз бо ҳузури президент


Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи мактаб барои хонандагони болаёқат ва варзишгоҳи дорои 7 ҳазор ҷойи нишаст иштирок намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матуботи сарвари давлат, бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон нахуст мактаби хонандагони болаёқат, ки барои 640 нафар пешбинӣ гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои мактаб аз 3 ошёна иборат буда, дорои 24 синфхона, аз ҷумла синфҳои компютерӣ, ташхисгоҳ ва озмоишгоҳҳои фаннӣ мебошад. Сохтмони иншоот соли 2012 оғоз ёфта, то имрӯз бо харҷи беш аз 11 миллион сомонӣ ба поён расонда шуд.

Тавре зикр гардид, дар ин мактаб, ҳамчунин то 150 нафар хонандагони болаёқат аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ қабул карда мешаванд. Мактаб дорои толори калони варзишӣ ва ҳам майдонҳои васеъ барои бозиҳои гуногуни варзишӣ мебошад.

Дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки президенти кишвар ҳамчунин варзишгоҳи бошукӯҳи дорои 7 ҳазор ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Тавре зикр гардид, сохтмони ин варзишгоҳи бошукӯҳ соли 2011 оғоз ёфта, дар майдони 6 га соли 2011 бо харҷи беш аз 8 миллион сомонӣ дар давоми 2 сол барои баҳрабардорӣ омода гардид.

Корти тенниси варзишгоҳ мувофиқ ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ бунёд ёфта, метавонад боиси рушди ин намуди варзиш дар деҳоти ин ҷамоат гардад. Варзишгоҳ, ҳамчунин дорои ҳавзи болопӯшидаи шиноварии стандартӣ ва майдонча барои волейбол, баскетбол, гимнастикӣ ва дигар бозиҳо мебошад. 

spot_imgspot_img

Популярное