Ифтитоҳи варзишгоҳу мактаби нав дар Хистеварз бо ҳузури президент

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи мактаб барои хонандагони болаёқат ва варзишгоҳи дорои 7 ҳазор ҷойи нишаст иштирок намуд. Бино ба иттилои хадамоти матуботи сарвари давлат, бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон нахуст мактаби хонандагони болаёқат, ки барои 640 нафар […]


Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи мактаб барои хонандагони болаёқат ва варзишгоҳи дорои 7 ҳазор ҷойи нишаст иштирок намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матуботи сарвари давлат, бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон нахуст мактаби хонандагони болаёқат, ки барои 640 нафар пешбинӣ гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои мактаб аз 3 ошёна иборат буда, дорои 24 синфхона, аз ҷумла синфҳои компютерӣ, ташхисгоҳ ва озмоишгоҳҳои фаннӣ мебошад. Сохтмони иншоот соли 2012 оғоз ёфта, то имрӯз бо харҷи беш аз 11 миллион сомонӣ ба поён расонда шуд.

Тавре зикр гардид, дар ин мактаб, ҳамчунин то 150 нафар хонандагони болаёқат аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ қабул карда мешаванд. Мактаб дорои толори калони варзишӣ ва ҳам майдонҳои васеъ барои бозиҳои гуногуни варзишӣ мебошад.

Дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки президенти кишвар ҳамчунин варзишгоҳи бошукӯҳи дорои 7 ҳазор ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Тавре зикр гардид, сохтмони ин варзишгоҳи бошукӯҳ соли 2011 оғоз ёфта, дар майдони 6 га соли 2011 бо харҷи беш аз 8 миллион сомонӣ дар давоми 2 сол барои баҳрабардорӣ омода гардид.

Корти тенниси варзишгоҳ мувофиқ ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ бунёд ёфта, метавонад боиси рушди ин намуди варзиш дар деҳоти ин ҷамоат гардад. Варзишгоҳ, ҳамчунин дорои ҳавзи болопӯшидаи шиноварии стандартӣ ва майдонча барои волейбол, баскетбол, гимнастикӣ ва дигар бозиҳо мебошад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони "Мавҷҳои Днепр"-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.