Мулло Ҳайдар: Ба мансаби президентӣ танҳо Э.Раҳмон арзанда аст

Яке аз рӯҳониёни маъруфи Тоҷикистони муосир мулло ҳоҷӣ Ҳайдар (Шарифов) аз Кӯлоб мутмаин аст, ки имрӯз ба мансаби президенти Тоҷикистон танҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон лоиқу арзанда аст. Гузашта аз ин, дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» номбурда таъкид намуд, ки интихоб нашудани ӯ санаи 6-уми ноябр – «ин як ҷиноятест муқобили кишвар ва […]

Турко Дикаев


Яке аз рӯҳониёни маъруфи Тоҷикистони муосир мулло ҳоҷӣ Ҳайдар (Шарифов) аз Кӯлоб мутмаин аст, ки имрӯз ба мансаби президенти Тоҷикистон танҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон лоиқу арзанда аст.

Гузашта аз ин, дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» номбурда таъкид намуд, ки интихоб нашудани ӯ санаи 6-уми ноябр – «ин як ҷиноятест муқобили кишвар ва миллат».

Ба гуфтаи ӯ, тӯли ин солҳо Эмомалӣ Раҳмон ба арбоби бузурги давлатӣ табдил ёфта, аз тамоми равандҳои рушди ҷаҳонӣ ба хубӣ огаҳ аст ва ҷаҳон ӯро эътироф кардаву ба ӯ эътимод дорад. «Чунин шахсро дар замони шукуфоии нерӯ ва қобилиятҳо миллати солимфикр набояд иваз кунад», – иброз дошт ӯ ва илова намуд, ки сарвари давлатро нисбат ба дигарон хубтар мешиносад, зеро ҳамроҳ чун вакилони ШО ҶТ 24-уми августи соли 1990 Эъломия дар бораи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ, 9-уми сентябри соли 1991 Эъломияи соҳибистиқлолии давлатии Тоҷикистонро ба имзо расонида, замони даргириҳои шаҳрвандӣ якҷо будаанд.

Дар ҳамин ҳол, зимни мулоқот бо ходимони дин рӯзи 4-уми июли соли равон мулло ҳоҷӣ Ҳайдар пешниҳод намуда буд, ки маблағи хароҷоти маъракаи интихоботи президентӣ ба таъмини эҳтиёҷоти қишри камбизоати аҳолӣ равона гардида, ваколати президенти амалкунанда ба таври автоматӣ боз як муҳлат дароз карда шавад. Ин пешниҳодро бинобар сабаби мухолифат доштанаш бо Конститутсияи кишвар сарвари давлат напазируфта буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.