Нақби «Чормағзак» аввали моҳи октябр боз мегардад

Маросими расмии мавриди истифода қарор додани нақби «Чормағзак», ки қаблан аввали моҳи сентябр ба нақша гирифта шуда буд, як моҳ дертар доир мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд, корҳои сохтмонӣ дар нақб пурра ба анҷом расида, айни замон барои ба истифода додани он ҳеҷ мушкилие ҷой надорад. Дар маросими расмии […]

Пайрав Чоршанбиев


Маросими расмии мавриди истифода қарор додани нақби «Чормағзак», ки қаблан аввали моҳи сентябр ба нақша гирифта шуда буд, як моҳ дертар доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд, корҳои сохтмонӣ дар нақб пурра ба анҷом расида, айни замон барои ба истифода додани он ҳеҷ мушкилие ҷой надорад.

Дар маросими расмии мавриди баҳрабрадорӣ қарор додани нақби «Чормағзак» эҳтимоли иштироки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки сохтмони нақби «Чормағзак» баҳори соли 2010 оғоз гардид. Лоиҳа аз ҷониби ширати чинии «Чайна Роуд» аз ҳисоби воситаҳои қарзии ҳукумати Чин амалӣ гардид. Арзиши умумии лоиҳа ҳудуди 300 млн. сомонӣ (тақрибан 70 млн. $)-ро ташкил дод.

Тибқи ҳисобу китоби коршиносон, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани нақб, масофаи роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб дар муқоиса бо масофаи роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб 100 километр наздиктар мешавад. Масофаи умумии нақб 4 ҳазору 430 метрро ташкил медиҳад.

Нақб мувофиқи лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Чин дар доираи амалисозии лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара бунёд гардид, ки аз фурудгоҳи Душанбе оғоз гардида, то маркази ноҳияи Данғара тӯл мекашад.

Роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара идомаи роҳи Душанбе-Чанак мебошад, ки дар навбати худ қисмате аз роҳи мошингарди байнулмилалии Чанак-Хуҷанд-Душанбе-Данғара-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Қулма-Қарақорум маҳсуб меёбад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.