Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Сочи

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (ССАД) ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия сафар кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев, […]


Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (ССАД) ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев, котиби Шӯрои амният Абдураҳим Қаҳҳоров, муовини аввал – сардори Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадӣ, фармондеҳи қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Шералӣ Мирзо ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар чаҳорчӯби иштирок дар кори нишасти СААД дар Сочи дидору гуфтушуниди сарвари давлати Тоҷикистон бо ҳамтоҳои худ аз Созмони мазкур пешбинӣ шудааст.

Хабаргузории РИА Новости бо истинод ба ёвари президенти Русия Юрий Ушаков дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки дар нишасти Сочи масоили амнияти байнулмилаливу минтақавӣ бо шумули вазъи Сурия, ҳамкории муштарак пас аз хурӯҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014, расонидани кӯмаки дастаҷамъона ба Тоҷикистон дар таҳкими амнияти марзаш бо Афғонистон, рушди ҳамкориҳои низомӣ ва дигар масоили рӯзмарра баррасӣ мешаванд.

Гуфта мешавад, дар нишаст қабули қарор дар бораи таъсиси нерӯҳои авиатсионии СААД, такмили идоракунии нерӯҳои дастаҷамона, ворид намудани тағйирот дар сохтори Ситоди муттаҳида ва тасдиқи буҷети СААД барои соли 2014 низ дар назар аст.

Дар фарҷоми нишаст Баёния қабул хоҳад шуд, ки дар он аз фаъолияти СААД дар бахшҳои сиёсати хориҷӣ, ҳамкории низомӣ, вокуниш ба таҳдидҳову ситезаҷӯиҳои муосир ва ғайра натиҷагирӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин пас аз итмоми кори нишаст раёсат дар СААД аз Қирғизистон ба Русия мегузарад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.