Вохӯрии сарвари давлат бо Мирзохӯҷа Аҳмадов дар Рашт

Ҳайдар Шодиев

Зимни сафари корӣ ба водии Рашт президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо собиқ қумондони нерӯҳои мухолифин ва собиқ сардори Раёсати минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадов мулоқот кард. Тавре яке аз наздикони М.Аҳмадов хабар дод, ин вохӯрӣ дар деҳаи Белгии ҷамоати Қалъанак, макони иқомати оилаи Аҳмадов доир гардида, зимни вохӯрии кӯтоҳмуддат […]


Зимни сафари корӣ ба водии Рашт президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо собиқ қумондони нерӯҳои мухолифин ва собиқ сардори Раёсати минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадов мулоқот кард.

Тавре яке аз наздикони М.Аҳмадов хабар дод, ин вохӯрӣ дар деҳаи Белгии ҷамоати Қалъанак, макони иқомати оилаи Аҳмадов доир гардида, зимни вохӯрии кӯтоҳмуддат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии Аҳмадов, ки асосан ба парвариши картошка машғул аст аз назик ошно гардид.

Бино ба иттилои хадамаоти матбуоти сарвари давлат, хоҷагии деҳқонии Аҳмадовҳо дорои 3 гектар замин буда, имсол дар як гектари он кишти картошка ва қитъаҳои дигар боғи нав бунёд намудаанд. Деҳқонони хоҷагӣ азм доранд, ки аз кишти картошка зиёда 400 сентнер ҳосил ба даст биёранд. Сарвари давлат аз М.Аҳмадов даъват кард, ки ба мактаб-интернат барои ятимони ҷамоати Навободи ноҳияи Рашт бо ҷудо кардани 2 тонна картошка кӯмак кунад.

«Мо умедворем, ки ин вохӯрӣ як фоли нек буда, ба муносибатҳои минбаъдаи боэътимоди ҳукуматдорон нисбати мо мусоидат хоҳад кард», – гуфт дар ин робита яке аз наздикони Мирзохӯҷа Аҳмадов.

Ёдрас мекунем, ки сафари қаблии Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт тирамоҳи соли 2010, пас аз ташаннуҷи вазъ дар ин минтақа баргузор шуда буд.

Он замон мақомоти қудратӣ дар қатори дигарон ба амалҳои ғайриқонунӣ собиқ қумондонҳои иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Шоҳ Искандаров ва Мирзохӯҷа Аҳмадовро низ гунаҳкор карда буданд. Аммо баъдтар онҳо дар ҳамдастӣ бо нерӯҳои ҳукуматӣ дар амалиёти низомӣ алайҳи гурӯҳи Мулло Абдулло ширкат варзиданд. Баъди анҷоми амалиёти низомӣ Ш.Искандаров муовини сардори РВКД дар минтақаи Рашт ва баъдтар М.Аҳмадов сармушовири баталйони зудамали Вазорати мудофиа таъин гардиданд

Қобили зикр аст, ки сафари кунунии президенти Тоҷикистон пас аз ҳодисаи қатли пурсарусадои директори комбинати ангишти «Назарайлоқ» Нуриддин Темиров аввали моҳи сентябр сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад