Мулоқоти нахуствазири ҷумҳурӣ бо амири Қатар дар Ню-Йорк

Дар доираи иштирок дар кори иҷлосияи 68-уми Маҷмаъи кулли СММ дар Ню-Йорк нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо амири Қатар Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ дидору гуфтушунид кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти сарвари давлат Субҳиддин Муҳиддинов аз Ню-Йорк хабар дод, зимни мулоқот ҷараёни сохтмони масҷиди ҷомеъ ва маҳаллаи «Диёри Душанбе» дар пойтахти Тоҷикистон, […]

Аваз Юлдошев


Дар доираи иштирок дар кори иҷлосияи 68-уми Маҷмаъи кулли СММ дар Ню-Йорк нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо амири Қатар Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ дидору гуфтушунид кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти сарвари давлат Субҳиддин Муҳиддинов аз Ню-Йорк хабар дод, зимни мулоқот ҷараёни сохтмони масҷиди ҷомеъ ва маҳаллаи «Диёри Душанбе» дар пойтахти Тоҷикистон, ки бо маблағгузории Қатар амалӣ мегарданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Бо назардошти имконоти Қатар, Оқилов пешниҳод кард, ки барои дастгирии амалисозии лоиҳаҳои гуногун дар Тоҷикистон Фонди махсуси Қатар таъсис дода шавад», – иттилоъ дод манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, чанде қабл дар Ню-Йорк нахуствазири Тоҷикистон ҳамчунин дар кори ҷаласаи махсуси Маҷмаъи кулли СММ бахшида ба стратегияи рушди ҳазорсола иштирок ва суханронӣ намуд.

«Дар суханронии худ Оқилов таъкид намуд, ки ҳукумати Тоҷикистон стратегияи рушди кишвар то соли 2015-ро қабул намуда, барои ҷалби сармояи беруна ба иқтисоди миллӣ тамоми шароитҳоро фароҳам месозад», – афзуд Муҳиддинов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.