Иштироки Э.Раҳмон дар тӯйи дастаҷамъонаи хонадоршавии 28 ҷуфти ҷавонони Рашт

Бегоҳии рӯзи 25-уми сентябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии бошандагони ҷамоати деҳоти ин ноҳия шинос шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин намоишгоҳ сокинони касбу кори гуногуни ноҳия маҳорати волои касбии хешро тавассути ҳунарҳои кандакорию чӯбтарошӣ, табақтарошию кашидадӯзӣ, сабадбофию зардузӣ, оҳангарию кулолгариро […]

ASIA-Plus


Бегоҳии рӯзи 25-уми сентябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии бошандагони ҷамоати деҳоти ин ноҳия шинос шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин намоишгоҳ сокинони касбу кори гуногуни ноҳия маҳорати волои касбии хешро тавассути ҳунарҳои кандакорию чӯбтарошӣ, табақтарошию кашидадӯзӣ, сабадбофию зардузӣ, оҳангарию кулолгариро ба маъраз гузоштанд, ки ҳар кадом таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб намуд.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Рашт дар тӯйи хонадоршавии 28 ҷуфт ҷавонони хуштолеъ ширкат варзида, ба оилаҳои навбунёд туҳфаҳои арзишманд тақдим кард. Ҳамзамон аснои баргузории ин маҳфили хурсандӣ тӯйи дастаҷамъонаи 110 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд, ки бошандагони ҷамоатҳои деҳоти ҳамин ноҳия мебошанд, баргузор карда шуд. Президенти Тоҷикистон ба ҳама ин кӯдакон низ дучархаҳо ва дигар туҳфаҳои қиматнок ҳадя кард. Ба 30 нафар ятиму бепарастор Сарвари давлат дафтарчаҳои амонатӣ аз Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк бо 1100 сомонӣ пасандоз барои ояндаашон тақдим намуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баъдан дар ҳузури қариб 7 ҳазор нафар сокини ноҳияи Рашт суханрони намуда, ҳозиринро ба ҷашни 22-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҳният гуфт ва дастовардҳои ин марҳилаи таърихиро назаррас маънидод кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.