Пешравиҳои минбаъда дар лоиҳаи ИА барои ташаккули «Равзанаи ягона»

Дар дафтари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо роҳбарияти олии Ширкати INTRASOFT International S.A. ба намояндагони тарафҳои манфиатдори асосӣ аз ҷумлаи ташкилотҳои давлатӣ оиди ба кор даровардани барномаи таъминотии системаи нав ва оғози марҳилаи татбиқи пилотии лоиҳа муаррифиномае (презентасия) гузаронд. Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Авруподар Тоҷикистн хабар доданд, дар муаррифинома дастовардҳои лоиҳаро аз оғози фаъолияти он дар моҳи […]

ASIA-Plus


Дар дафтари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо роҳбарияти олии Ширкати INTRASOFT International S.A. ба намояндагони тарафҳои манфиатдори асосӣ аз ҷумлаи ташкилотҳои давлатӣ оиди ба кор даровардани барномаи таъминотии системаи нав ва оғози марҳилаи татбиқи пилотии лоиҳа муаррифиномае (презентасия) гузаронд.

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Авруподар Тоҷикистн хабар доданд, дар муаррифинома дастовардҳои лоиҳаро аз оғози фаъолияти он дар моҳи июни 2012 таъкид карданд ва ба иштироккунандагон ҳадафҳои марҳилаи татбиқи пилотиро муаррифӣ намуданд. Чунин лоиҳаи муҳим оид ба кӯмак ба тиҷорат ҳамоҳангсозии байнимуассисавӣ ва истифодаи технологияҳои пешрафти интернетиро дар назар дошта, бо соддагардонии тиҷорати байналхалқӣ ба операторони тиҷорати ҳориҷӣ фоидаи калон меоварад, самаранокӣ ва шафофияти фаъолияти Ҳукумат ва ҳамчунин боигарии миллии онро зиед мекунад. Пас аз муаррифӣ баҳсу мунозира байни иштирокунандагон сурат гирифт.

Дар моҳи июни соли 2012 Иттиҳоди Аврупо ва ширкати Intrasoft International S.A. шартномаи татбиқ намудани лоиҳаи «Дастгирии таъсиси Равзанаи ягона оид ба расмиёти воридотию содиротӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расониданд. Intrasoft International S.A. системаи Равзанаи ягонаро сохта, онро дар Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази Равзанаи ягона» – назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисшуда, инчунин дар панҷ марказҳои вилоятӣ ва ёздаҳ (11) муассисаҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳои воридшуда ба кор медарорад.

Intrasoft International S.A. аллакай Марҳилаи лоиҳакашӣ ва Марҳилаи тайёр карданро, ки дар ин марҳила барномаи таъминотии система тайёр карда ва санҷида шуда буд, ба анҷом расонид. Айни ҳол лоиҳа дар Марҳилаи татбиқ қарор дорад. Дар ин марҳила барномаи таъминотӣ барои санҷиши пилотӣ дар ду муассисаи давлатӣ (Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар се (3) марказҳои ноҳиявӣ дар Душанбе, Хуҷанд ва Қурғон-теппа, ба кор дароварда шудааст. Омӯзишҳои пешакии марҳилаи татбиқи пилотӣ аллакай оғоз гардидаанд. Татбиқи пилотии лоиҳа ду (2) моҳи тақвимиро дар бар хоҳад гирифт. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.