Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар Суди олии Тоҷикистон нисбати се нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки моҳи июни соли 2005 манзили он замон раиси БМТ, феълан муовини нахуствазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимарадон дар ноҳияи Ҳисорро ғорат карда буданд, ҳукм содир мегардад. Оғози қироати ҳукм соати 10:00. Мурофиа таври кушода ҷараён дорад; – Дар Палатаи савдо ва саноати ҶТ бахшида ба […]

ASIA-Plus



Анонс

– Дар Суди олии Тоҷикистон нисбати се нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки моҳи июни соли 2005 манзили он замон раиси БМТ, феълан муовини нахуствазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимарадон дар ноҳияи Ҳисорро ғорат карда буданд, ҳукм содир мегардад. Оғози қироати ҳукм соати 10:00. Мурофиа таври кушода ҷараён дорад;

– Дар Палатаи савдо ва саноати ҶТ бахшида ба ифтитоҳи Намоишгоҳ-ярмаркаи байнулмилалии маҳслуоти содиротии вилояти Синтзян-Уйғури Чин конфронси матбуотӣ доир мегардад. Оғоз соати 10:00;

– Дар Бишкек ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсози прокурорҳои генералии кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад;

– Дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ» (собиқ Иппподром)-и пойтахт мусобиқоти байнулмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон бо мукотпулии 160 ҳазор сомонӣ доир мегардад. Оғоз соати 15:00;

– Дар Душанбе таҳти унвони «Дастрасӣ ба молия: нақши қарорҳои сармоягузорӣ ва иннноватсионӣ» Конфронси VII-уми миллӣ оид ба маблағгузории хурд баргузор мешавад. Конфронс дар бинои МТС, кӯч. Рӯдакӣ, 40 баргузор мешавад;

– Ассосиатсияи миллии менеҷерон таҳти унвони «Бозори иттилоотӣ ва медиамаркетинг» мизи гирд созмон медиҳад. Чорабинӣ дар МТС назди президенти ҶТ соати 15:00 оғоз мегардад.



Қурби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7683

сомонӣ;


1

евро

– 6.1054

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1499

сомонӣ.



Як рӯзи таърих




1999

– Оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи ҶТ раъйпурсии умумихалқӣ гузаронида шуд.


1932

– Зодрӯзи актрисаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Галина Ковалёва.


1933-2008

– Мавлуди нависанда Баҳодур Файзуллоев.


1940-1997

– Зодрӯзи Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон Сабзалӣ Раҳмонов.


1942

– Мавлуди профессор Гадо Сафаров.


1951

– Зодрӯзи Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон Қурбоналӣ Муҳаббатов.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +30+35.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +23+28.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +28+33.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда,


бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +9+14, рӯзона +28+33;  дар шарқи вилоят шабона 0-5, рӯзона +13+18.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +36+38.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +29+31.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +35+37.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +35+37.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +11+13 рӯзона +31+33.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.