Бобоназарова сабаби монеъаҳои эҷодшударо шарҳ дод


Номзад ба мансаби президентӣ аз ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова таъкид дошт, ки монеъаэҷодкуниҳо дар ҷараёни ҷамъоврии имзоҳо ба амалисозии нишондодҳои Протоколи №32-20 марбут аст.

Протоколи 32-20»  – стенограммаи ҷаласаи махфии ҳукумати ҷумҳурӣ буда, баҳори соли гузашта ба ВАО роҳ ёфт. Тибқи ин ҳуҷҷат, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш дода шуд, ки ҷиҳати бадномкунии ҲНИТ ва аъзои он ва ҳамчунин роҳҳои аз сафҳои ҳизб хориҷ шудани аъзои он тадбирҳо андешанд.

Ойниҳол Бобоназарова изҳор кард, ки банди аввали ин санад аз бадномкунии ҲНИТ тавассути телевизион иборат аст, ки имрӯз мо онро шоҳидем. «Дар банди дуюм ба раисони ноҳияҳо супориш дода шуда буд, ки ба кори фаъолони ҳизб монеъа эҷод шавад ва дар банди сеюм бобати густарда кардани амали кормандони милиса алайҳи ҳизб ишора рафта буд. Ба ин

боздошти дирӯзаи фаъолони ҳизб

, аз ҷумла 8 нафар занону духтарон, ки ба ҷамъоварии имзоҳо машғул буданд, мисол шуда метавонад. Милиса ба интихобот чӣ муносибате дорад?», – таъкид кард Бобоназарова.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари маъмурияти КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев дар нишасти матбуотии субҳи имрӯз изҳор кард, ки «иштибоҳоти ВКД набояд ба дӯши КМИР вогузор гардад, зеро корманлони милиса тобеи КМИР нестанд». Дар навбати худ Бобоназарова гуфт: «Агар ба КМИР набошад, пас ба куҷо муроҷиат кунем?».

Додоев таъкид дошт, ки «КМИР хоҳони он аст, ки ҳамаи номзадҳо шумори зарурии имзоҳоро ҷамъоварӣ намуда, сабти ном шаванд ва интихобот демократӣ сурат бигирад».

«Чун мо аз боздошти фаъолони ҲНИТ огаҳ шудем, дарҳол ба ин масъала сарукор гирифта, раиси КМИР Шермуҳаммади Шоҳиён ба раиси ноҳияи Фирдавсӣ занг зад. Мо бо ШВКД ва ВКД низ дар тамос шудем. Вазир Раҳимов он замон дар Рашт қарор дошт. Масъала базудӣ ҳаллу фасл шуда, баъди 40 дақиқаи боздошт фаъолон раҳо шуданд», – иброз дошт номбурда.

Ба қавли Додоев, маҳз

суҳбати телефонии Шоҳиён бо Бобоназарова

боиси он гардид, ки ҳамаи раисони ноҳияҳо ба рӯйхатҳо муҳр гузоранд.

Дар ҳамин ҳол, Бобоназарова зикр кард, ки дигар ба унвони сарвари давлат ҳеҷ изҳороте интишор нахоҳад кард, зеро баъди

изҳороти ахир

фишор болои ҳизб афзуд.

Қобили зикр аст, ки то ахири муҳлати ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳо ба мансаби президентӣ ҳамагӣ 10 рӯз боқӣ монда, гурӯҳи ташаббускори номзад Ойниҳол Бобоназарова то имрӯз

каме бештар аз 21 ҳазор имзо

ҷамъоварӣ намудааст.

spot_imgspot_img

Популярное