Ба ҷонибдории номзади ҲАТ беш аз 130 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шуд

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» номзади Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) ба мансаби президентӣ академик Толиббек Бухориев изҳор кард, ки дар ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзадии ӯ аз ҷониби намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ҳеҷ монеъае эҷод нашудааст. «Мо дар маҳалҳо ва дар КМИР ҳам доимо фазои некхоҳиро эҳсос намуда, аз ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо ба […]

Аваз Юлдошев


Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» номзади Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) ба мансаби президентӣ академик Толиббек Бухориев изҳор кард, ки дар ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзадии ӯ аз ҷониби намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ҳеҷ монеъае эҷод нашудааст.

«Мо дар маҳалҳо ва дар КМИР ҳам доимо фазои некхоҳиро эҳсос намуда, аз ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳо шикоят надорем», – зикр кард Бухориев.

Ба гуфтаи ӯ, лоиҳаи барномаи пешазинтихоботии ӯ омода буда, пас аз тасҳеҳи дахлдор шояд рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда пешкаши ҳамагон гардад. «Дар барномаи пешазинитихоботӣ дар қатори фарогирии масоили иқтисодӣ, беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум, албатта ба мушкилоти рушди бахши агросаноатӣ, соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дар баробари он фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст», – зикр кард номзад.

Бухориев мутмаин аст, ки ситоди пешазинтихоботии ӯ ва ёварони ихтиёрӣ дар муҳлати муқарраршуда (7-уми октябр) 210 ҳазор имзои зарурии интихобкунандагонро ҷамъоварӣ мекунанд.

«Имрӯз ситоди ман, ки ба ҳайаташ олимони маъруф, чанде аз вакилони парлумон, шоирону журналистон ва намояндагони ҳукуматҳои баъзе минтақаҳои кишвар шомиланд, шабонарӯзӣ фаъолият дорад», – афзуд академик Бухориев.

Дар ҳамин ҳол, аз ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби президентӣ Т.Бухориев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки то имрӯз ба ҷонибдории номзад аз ҲАТ беш аз 130 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шудааст. «Маъракаи ҷамъоварии имзоҳо ба номзадамонро мо то 2-юми октябр ба анҷом расониданием», – илова намуданд дар ситод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.