Хадамоти муҳоҷират маълумоти ХФМ Русияро носаҳеҳ мешуморад

Пайрав Чоршанбиев

Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон маълумоти омории Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ)-и Русия дар бораи шумори муҳоҷирони тоҷики муқими ин кишварро носаҳеҳ арзёбӣ мекунад. Зимни кори мизи гирди имрӯза таҳти унвони «ВАО ва муҳоҷират» котиби матбуотии Хадамот Абдулло Қодирӣ дар ин робита изҳор намуд, ки ахиран ВАО бо такя ба маълумоти ХФМ Русия роҷеъ ба шумори […]


Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон маълумоти омории Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ)-и Русия дар бораи шумори муҳоҷирони тоҷики муқими ин кишварро носаҳеҳ арзёбӣ мекунад.

Зимни кори мизи гирди имрӯза таҳти унвони «ВАО ва муҳоҷират» котиби матбуотии Хадамот Абдулло Қодирӣ дар ин робита изҳор намуд, ки ахиран ВАО бо такя ба маълумоти ХФМ Русия роҷеъ ба шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия маълумоти зидду нақиз интишор мекунанд.

Ба қавли Қодирӣ, ба нимаи моҳи августи соли равон ҳамагӣ каме бештар аз 635 ҳазор нафар шаҳрвандон аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд, ки беш аз 362 ҳазор нафарашон аллакай ба ватан баргаштаанд.

Бино ба маълумоти ХФМ Русия, ахири тобистони соли равон аз аҳолии қариб 8 млн. нафараи Тоҷикистон ҳудуди

1 млн. 230 ҳазор нафарашон

дар қаламрави Русия қарор доштанд, ки каме бештар аз 1 млн. 52 ҳазор нафарашонро мардон ва 177 ҳазор нафарашонро занон ташкил додаанд.

Чунин маълумоти мухталифро Қодирӣ қабл аз ҳама ба он вобаста медонад, ки бисёре аз муҳоҷирони тоҷик муддати як сол то 4 маротиба марзи Русияро убур карда, ҳар дафъа аз ҷониби мақомоти расмии ин кишвар ба қайд гирифта мешаванд.

«Мувофиқи қонунгузории Русия, агар дар муддати 90 рӯз шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишвар ҷойи кор пайдо карда натавонанд, уҳдадоранд, ки қаламрави ин кишварро тарк намоянд, – шарҳ дод ӯ. – Аз ин рӯ, аксари шаҳрвандони мо, ки саривақт ҷойи кор ёфта наметавонанд, аз марзи Русия хориҷ ва сипас дубора марзи Русияро убур мекунанд».

Намояндаи Хадамоти муҳоҷират ҳамчунин иброз дошт, ки шаҳрвандони тоҷик ба Русия натанҳо бо мақсади дарёфти кор, балки баҳри таҳсилу истироҳат ва анҷоми сафарҳои хизматӣ низ ворид мешаванд.

Қодирӣ таъкид намуд, ки гузашта аз ин, ҳудуди 400 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо истифода аз иҷозати қабули шаҳрвандии ду кишвар аз ҷониби Русия, аллакай шаҳрвандии Русияро низ қабул кардаанд, вале дар маълумоти омории ХФМ Русия ин афрод ҳамчун муҳоҷирони корӣ ҳузур доранд.

Номбурда илова намуд, ки айни замон Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо намояндагони ХФМ Русия ҷиҳати санҷиш ва муқоисаи маълумоти омории дуҷониба гуфтушунид дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

Дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.