Ба ҷонибдории номзади ҲНИТ алҳол ҳамагӣ 21 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шуд

То ахири муҳлати ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳо ба мансаби президентӣ ҳамагӣ 10 рӯз боқӣ монда, гурӯҳи ташаббускори номзад Ойниҳол Бобоназарова то имрӯз каме бештар аз 21 ҳазор имзо ҷамъоварӣ намудааст. Дар ин бора зимни нишасти хабарии ситоди пешазинтихоботиаш дар дафтари кории ҲНИТ худи номзад Ойниҳол Бобоназарова хабар дод. Ёдрас мекунем, ки ба ҳар кадоме […]

ASIA-Plus


То ахири муҳлати ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳо ба мансаби президентӣ ҳамагӣ 10 рӯз боқӣ монда, гурӯҳи ташаббускори номзад Ойниҳол Бобоназарова то имрӯз каме бештар аз 21 ҳазор имзо ҷамъоварӣ намудааст.


Дар ин бора зимни нишасти хабарии ситоди пешазинтихоботиаш дар дафтари кории ҲНИТ худи номзад Ойниҳол Бобоназарова хабар дод. Ёдрас мекунем, ки ба ҳар кадоме аз номзадҳо ҷамъоварии ҳудуди 210 ҳазор имзо, 5% аз шумори умумии интихобкунандагон зарур аст.

Номзад зикр кард, ки муддати тамоми ин рӯзҳо аксари раисони ноҳияҳо аз вохӯрӣ бо намояндагони ӯ канора ҷуста ва ё бо талаби пешниҳоди рӯйхати аъзои ҲНИТ, ба ҷамъоварии имзоҳо монеъа эҷод мекарданд.

«Талаби худро бо асоснок мекарданд, ки гӯё барои пешниҳоди шумори муайяни варақаҳо ба онҳо донистани шумори аъзо зарур аст», – иброз дошт ӯ. – Қаблан ман мутмаинона мегуфтам, ки мо шумори зарурии имзоҳоро ҷамъоварӣ карда метавонем, вале вақти моро дуздиданд. Акнун дар ин бора мо бо боварӣ ҳарф зада наметавонем».

Дар ҳамин ҳол, роҳбари маъмурияти КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев, ки дар конфронси матбуотии мазкур ҳузур дошт, чунин гуфт: «Мо хоҳони онем, ки ҳама номзадҳо сабти ном шаванд ва интихобот демократӣ бошад».

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷамъоварии миқдори 5%-и имзоҳо аз шумори умумии интихобкунандагон барои аксари номзадҳо хеле мушкил хоҳад буд. Ба андешаи аксари сиёсатмадорон, механизми мавҷудаи ҷамъоварии имзоҳо гӯё махсусан чунин роҳандозӣ шудааст, ки тартиботи бақайдгирии номзадҳо мушкил гардад ва дар маъракаи интихоботи гузашта маҳз ҳамин омил садди роҳи бисёр номзадҳо шуда буд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ин душвориро ба осонӣ паси сар мекунад. Дар маъракаҳои интихоботи гузашта дар ҷамъоварии имзоҳо ҲХДТ ҳатто ба кӯмак расонидан ба рақибон омода буд.

«ҲХДТ то андозае ба ҳусни таваҷҷуҳи аксари аҳолӣ нисбаташ мутмаин аст, ки барои мо зарурати монеъае эҷод сохтан ба номзадҳои аҳзоби дигар зарурате вуҷуд надорад. Баръакс, фикр мекунам, ки аъзои ҳизби мо ҳатто ба кӯмак омодаанд», – гуфта буд он замон муовини раиси ҲХДТ Давлаталӣ Давлатов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.