Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) алҳол ба Тоҷикистон расман истирдоди пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватовро рад накардааст.
Муовини прокурори генералии Тоҷикистон Абдурашид Кишварзода ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки аз хабарҳои шабакаи Интернет дар бораи озодии Қувватов алҳол наметавон комилан тасдиқ намуд, ки ӯ истирдод намешавад, зеро аз АМА ба Тоҷикистон расман дар ин хусус посухе нарасидааст.
Ба гуфтаи ӯ, маъмулан посухи расмӣ бояд дар муддати 10 рӯз пас аз судури қарори суд фиристода шавад, вале алҳол номаи расмии тасдиқкунандаи озод шудани Қувватов аз тавқифгоҳи Дубай то ҳанӯз ба онҳо нарасидааст.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъи воломақом аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки сабаби қабули қарор дар бораи озодии Қувватов маълум нест. «Имрӯз дар ин кишвар рӯзи истироҳат аст ва пагоҳ мо кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки дар ин бора маълумоти расмӣ дастрас намуда, тадбирҳои минбаъдаро тарҳрезӣ кунем», – иброз дошт ӯ.
Аммо шоми рӯзи 26-уми сентябр Николай Николаев, адвокати Қувватов изҳор намуд, ки ӯ аз тавқифгоҳи Дубай озод шуда, сабаби асосиаш даъвои ҷониби Тоҷикистон бобати дар боздошти Қувватов мавҷуд набудани ҷанбаи сиёсӣ ва танҳо ҷой доштани ҷинояти иқтисодӣ мебошад.
«Ғайр аз ин, барои берун омадан аз ин вазъ бо аз даст додани ҳарчи камтар нуфузи худ, АМА омода аст, ки ба Қувватов барои парвоз ба ҳама гуна кишвар аз ҳисоби давлат шароит фароҳам оварад. Тоҷикистон барои то замони баргузор шудани интихобот дар боздошт нигоҳ доштани Қувватов кӯшиш ба харҷ медиҳад ва ҳукуматдорони тоҷик дархости худро дар бораи на бо мақсади сиёсӣ боздошт шудани Қувватов асоснок карда натавонистанд, ки дар ин бора ман дар боло ишора намудам», – гуфт Николаев.
Ба қавли ӯ, инҷо боз як омилаи муҳим – дахолати ниҳодҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон ва намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ низ вуҷуд дорад, ки имкони пешниҳоди паноҳгоҳи сиёсӣ ба Қувватовро баррасӣ доранд.
«Рӯйи дигар масъалаҳо мо машғули корем. Дастрас кардани тамоми аснод аз ҷониби АМА зарур аст, то ки ба Қувватов имкон дода шавад, ки худро инсони озод ҳис намояд ва ба фаъолияти сиёсӣ ё тиҷоратии худ идома бахшад. Кадом фаъолиятро минбаъд интихоб мекунад, ин ба худи ӯ вобаста аст», – гуфт адвокат.
Ёдрас мекунем, ки
субҳи рӯзи 26-уми сентябр
Николай Николаев изҳор намуда буд, ки пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов аз тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб озод карда шуда, айни замон адвокатҳо рӯйи ҳуҷҷатҳо оид ба қатъи ниҳоии парвандаи ӯ машғули коранд.
Дар ҳамин ҳол, ахири моҳи август як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки масъалаи истирдоди роҳбари «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов метавонад муддати як ҳафта ҳаллу фасл шавад.
«Мо дар тамоми мурофиаҳои судӣ ғолиб омадем, яъне суди зинаи аввал ва таҷдиди назар дар ҳарду ҳолат ҳам ба истирдоди Қувватов ба Тоҷикистон қарор содир намуд. Шикояти Қувватов ва адвокати ӯ рад карда шуд, – иброз дошта буд он замон манбаъ. – Айни замон танҳо масъалахои техникиро ҳал кардан зарур аст».
Ёдрас мекунем, ки Қувватов ахири моҳи декабри соли 2012 бо дархости ҳукуматдорони тоҷик дар Дубай боздошт шуд. Ба Аморати Муттаҳидаи Араб ӯ Аз Маскав омада, ният дошт, ки минбаъд сафарашро ба шаҳри Брюссел идома бидиҳад.
Санаи 10-уми марти соли ҷорӣ ҳукуматдорони АМА дархости Душанбеи расмӣ оид ба истирдоди мухолифи тоҷикро рад намуданд. Аллакай рӯзи 14-уми апрел бошад, суд оид ба ватан истирдод шудани пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи-24» қарор содир намуд. Пас аз ин адвокат аз болои қарори суд шикояти кассатсионӣ пешниҳод намуд, ки он санаи 18-уми август баррасӣ шуд. Аммо то имрӯз мақомоти расмӣ дар бораи чӣ гуна қарор қабул шудан нисбати Қувватов аз ҷониби суди Дубай маълумот намедиҳанд.



