Вазорати кишоварзӣ: Бонкҳо аз хавфи зиёди қарзӣ дар соҳа ҳарос доранд

Дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ бар ин назаранд, ки хавфҳои зиёди қарзӣ дар бахши кишоварзии Тоҷикистон бонкҳоро ба роҳандозии сиёсати эҳтиёткоронаи қарзӣ дар ин соҳа водор месозад. «Хавфи кредитҳои пардохтнашуда боиси изофапулиҳои баланде мегардад, ки ба меъёрҳои кредит татбиқ мешаванд ва меъёрҳои фоизии ҷорӣ аз 17,5 фоиз зиёд мегарданд», – гуфта мешавад дар Барномаи ислоҳоти кишоварзии […]

ASIA-Plus


Дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ бар ин назаранд, ки хавфҳои зиёди қарзӣ дар бахши кишоварзии Тоҷикистон бонкҳоро ба роҳандозии сиёсати эҳтиёткоронаи қарзӣ дар ин соҳа водор месозад.

«Хавфи кредитҳои пардохтнашуда боиси изофапулиҳои баланде мегардад, ки ба меъёрҳои кредит татбиқ мешаванд ва меъёрҳои фоизии ҷорӣ аз 17,5 фоиз зиёд мегарданд», – гуфта мешавад дар Барномаи ислоҳоти кишоварзии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020.

Дар барнома қайд мешавад, ки  маҳдудияти эҳтиёҷот ба қарзҳо на танҳо аз сабаби баланд будани меъёри фоизҳо ба назар мерасад, балки бинобар вазнинию сахтии талаботи гаравгузорӣ низ дида мешавад.

«Бахши кишоварзӣ аз захираҳои маҳдуди мавҷудаи қарзҳо ҳаҷми начандон зиёдеро мегирад, зеро бонкҳо соҳаи кишоварзиро бахши серхавф шуморида, танҳо якчанд корхонаи даромадноки кишоварзие вуҷуд дорад, ки маблағи қарзро пардохт карда метавонанд, – омаддаст дар барнома.

Зимнан зикр мегардад, ки мақсади чорабиниҳои бо вусъатёбии дастрасӣ ба қарзҳо алоқаманд аз он иборат аст, ки устувории молиявии корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ ва ташкилотҳоро мустаҳкамтар намояд.

«Барои расидан ба ин мақсадҳои гузошташуда, масъалаи ҷалби қарзҳо аз бонкҳои тиҷоратӣ ва қарзҳо аз соҳибкорони инфиродӣ ва ташкилотҳо ба манфиати шахсонеро, ки фаъолияти худро дар соҳаи коркарди аввалия ва минбаъдаи маҳсулоти кишоварзӣ амалӣ месозанд, ҳал кардан лозим аст, то ба онҳо кӯмак расонда шавад, ки маблағҳои ҷорию гардони худро пурратар карда, фондҳои асосии худро нав кунанд ва коркарди аввалияи маҳсулотро ривоҷ диҳанд», – баён мегардад дар барномаи макзкур.

Ёдрас мекунем, ки қаблан тӯли чандин сол ҳукумати Тоҷикистон хоҷагиҳои деҳқониро тавассути бонкҳои тиҷоратӣ бо маблағгузорӣ таъмин мекард. Ҳамчунин бонкҳо уҳдадор шуда буданд, ки барои ин соҳа қарзҳои ҳадафнок ҷудо кунанд. Аммо бинобар сабаби рӯйи кор омадани мушкилоти баргардонидани ин қарзҳо, аз роҳандозии ин таҷриба ҳукумат даст кашид.

Қабл аз ин, аввали ҳамин қарн маблағгузории хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҷониби ширкатҳои фючерсӣ дар ҷумҳурӣ мавриди таҷриба қарор дошт. Дар натиҷа деҳқонон аз ширкатҳои фючерсӣ наздики 500 млн. доллари ИМА қарздор шуданд. Пардохти ин қарзҳоро баъдтар ҳукумати ҷумҳурӣ ба зиммаи худ гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.