З.Саидов гунаҳкорӣ боз дар як таҷовуз ба номусро эътироф накард


Дар ду маросими рӯбарӯкунии шаби 25-уми сентябр бо ҷабрдида дар парвандаи нави таҷовуз ба номус ва шоҳиди ӯ соҳибкор Зайд Саидов далели таҷовуз ба номуси духтари 15-соларо рад кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, адвокати соҳибкор хабар дод, Зайд Саидов аз пешниҳоди чунин айбнома сахт дар тааҷҷуб буда, қотеъон ин далелро рад мекунад. «Лаҳзаҳое мавҷуданд, ки бемаънӣ будани ин айбро собит месозанд ва мо онҳоро баъдтар пешниҳод мекунем. Бисёр лаҳзаҳои парванда сирри тафтишотианд ва тибқи қонун, ман ба ифшои онҳо ҳуқуқ надорам», – гуфт адвокат.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз соати 9:00 дар бинои тавқифгоҳи мувақкатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҶТ мурофиаи навбатӣ оид ба баррасии парвандаи Зайд Саидов оғоз гардид. То имрӯз 6 нафар шоҳидон, аз ҷумла тоҷири қазоқ Серикбол Окушев, соҳибкор Низомхон Ҷӯраев ва шаҳрванди Ветнам Ван Хиеп аз ҷониби суд бозпурсӣ шуданд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 24-уми сентябр Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ нисбат ба соҳибкор Зайд Саидов

айбномаҳои нав

– таҷовуз ба номуси духтари хурдсол ва ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодиро пешниҳод намуд. Нисбати Зайд Саидов тибқи моддаҳои 131 (Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ) ва 138 (Таҷовуз ба номус нисбат ба духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида)- КҶ ҶТ ду айбномаи нав пешниҳод шуд.

Рӯзи 25-уми сентябр,  Шуҳрат Қудратов, адвокати соҳибкор Зайд Саидовро ба маросими рӯбарӯкунӣ бо ҷабрдида дар парвандаи нави таҷовуз ба номус, ки нисбати соҳибкор боз шуд,

роҳ надоданд.

Маросими рӯбарӯкунӣ бояд соати 10:00 дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия баргузор мешуд.

Мурофиаи судӣ нисбати Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябр оғоз гардида, пушти дарҳои пӯшида дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дорад. Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 2-юми август дар бинои тавқифгоҳи КДАМ ба Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора), 247 (Қаллобӣ), 170 (Серзанӣ), 250 (Тамаъҷӯӣ), 314 (Суистифодла аз мансаби хизматӣ), 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и КҶ ҶТ айбнома пешниҳод кард.

Қаблан Зайд Саидов чандин маротиба изҳор намуда буд, ки таъқиби ӯ ангезаи сиёсӣ дошта, ба нияти ӯ оид ба таъсиси ҳизби мухолиф марбут аст.

spot_imgspot_img

Популярное