Таваҷҷуҳи дипломати ИМА ба сарчашмаҳои маблағгузории маъракаи интихоботии Бобоназарова

Баъд аз зуҳри 26-уми сентябр дар қароргоҳи ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ ва раис Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова бо Николас Ч. Катсакис, котиби якуми сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон дидор ва мулоқот анҷом дод. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар ин мулоқот интихоботи раёсати чумҳурии Тоҷикистон, шароити ширкати ҲНИТ ва номзади воҳиди […]

ASIA-Plus


Баъд аз зуҳри 26-уми сентябр дар қароргоҳи ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ ва раис Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова бо Николас Ч. Катсакис, котиби якуми сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон дидор ва мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар ин мулоқот интихоботи раёсати чумҳурии Тоҷикистон, шароити ширкати ҲНИТ ва номзади воҳиди ИНИТ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ мавриди арзёбӣ қарор гирифт. Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ ва раиси Ситоди интихоботии номзади воҳиди ИНИТ роҷеъ ба монеагузориҳо ва фишорҳои масъулини мақомоти ҳокимияти иҷроия ва ҳамчунин ходимони ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти амниятӣ дар амри ҷамъоварии имзоҳо аз тарафи Гуруҳҳои ташаббускор суҳбат кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Муҳаммадалии Ҳайит дар ин робита хабар дод, ӯ ба дипломати амрикоӣ изҳор намудааст, ки нозирони байнулмилалӣ, ки мониторинги интихобот дар Тоҷикистонро баргузор мекунанд, ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, гурӯҳи аввали иборат аз намояндагони САҲА ва кишварҳои рушдкардаи демократӣ дар бораи қонуншиканиҳои зиёд, ғайридемократӣ ва ғайришаффоф будани интихобот садо баланд мекунанд ва гурӯҳи дуюми иборат аз намояндагони ИДМ ва СҲШ барои истирҳат ба Тоҷикистон ташриф оварда, интихоботро демократӣ арзёбӣ менамоянд.

Ҷаноби Ҳаит аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки баъд аз баргузории Анҷумани ҲНИТ дар таърихи 17 – сентябр, ки номзади худро ба интихоботи президентии моҳи ноябр эълом кард, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалхо аз тарси онки аз вазифаҳо сабукдуш нашаванд дар тасдиқи варақаи ҷамъоварии имзо (гузоштани муҳр имзо) амдан ба кашолкорӣ роҳ доданд.

«Ман ба дипломат ҳикоят кардам, ки фаъолони боздоштшудаи ҲНИТ рӯзи 26-уми сентябр аз ҷониби кормандони милиса ҳангоми ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзад О.Бобоназарова, на шуъбаи корҳои дохилӣ, балки ба ҳукумати маҳаллӣ оварда шуда, баъди тасдиқи қонунӣ будани амали онҳо, раҳо карда шуданд», – иброз дошт ӯ.

Номбурда таъкид намуд, ки котиби сафорати ИМА ба масъалаи сарчашмаҳои маблағгузории маъракаи пешазинтихоботии номзад О.Бобоназарова таваҷҷуҳ зоҳир намуд. «Ман ба ӯ фаҳмонидам, ки маблағгузорӣ аз ҳисоби воситаҳои ихтиёран воридшуда ва дастгирии ҲНИТ сурат мегирад», – афзу М.Ҳайит.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.