Сохтмони терминали нави фурудгоҳи Душанбе босуръат идома дорад

ASIA-Plus

Сохтмони терминали нави Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) босуръат идома дорад. Мутахассисони ширкати фаронсавии Винчи Конструксион Гран Проже якҷоя бо сохтмончиёни тоҷик корҳои сохтмониро идома медиҳанд. Тавре котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, терминал бо таҷҳизоти навтарини замонавӣ ва технологияи иттилоотии ҷадид муҷаҳҳаз мегардад. Алъон сохтмони конструксияҳои оҳану бетонӣ анҷом ёфта, сохтмончиён ба […]


Сохтмони терминали нави Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) босуръат идома дорад. Мутахассисони ширкати фаронсавии Винчи Конструксион Гран Проже якҷоя бо сохтмончиёни тоҷик корҳои сохтмониро идома медиҳанд.

Тавре котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, терминал бо таҷҳизоти навтарини замонавӣ ва технологияи иттилоотии ҷадид муҷаҳҳаз мегардад. Алъон сохтмони конструксияҳои оҳану бетонӣ анҷом ёфта, сохтмончиён ба насби хатҳои коммуникатсионӣ шурӯъ кардаанд.

Дар баробари иҷрои корҳои сохтмонӣ омузонидани мутахассисон низ сурат мегирад. Аз ибтидои моҳи сентябр курсҳои омӯзишӣ оғоз шуда то имрӯз идома доранд. Дар курсҳои омӯзишӣ мутахассисони варзидаи ширкати сохтмонии Винчи Конструксион Гран Проже ба мутахассисони фурудгоҳи Душанбе бобати идора намудан ва корфармоии таҷҳизот, ташкил ва коркарди маълумот оид ба интиқоли бағоҷ, системаи иттилоотии парвозҳо, системаи истифодаи умумии терминалҳо, аломатҳои шартии терминал, оид ба насб ва кори системаҳои барқ, гармидиҳӣ, ҳаводиҳанда, оид ба толорҳои компютерӣ, системаҳои назорати видеоӣ, васоити баландкунандаи садо ва дигар паҳлуҳои техникӣ дарс мегӯянд.

Директори лоиҳаи Винчи аэропорт ҷаноби Карим Эл Симман дар суҳбат иброз дошт, ки системаҳои коммуникатсионии терминали нав дараҷаи баланди технологӣ дошта аз кормандон саводи казоӣ ва донишу малакаи хуби техникиро тақозо менамояд. Алъон сардорони хадамот ва шӯъбаҳое, ки бевосита бо таҷҳизоти нав сару кор мегиранд, ҳамчунин баъзе мутахассисони масъули фурудгоҳи Душанбе ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Дар назар аст, ки то ба истифода додани терминали нав мутахассисони фурудгоҳи Душанбе такмили ихтисос пурра гузаранд.

Мавриди истифода қарор гирифтани терминали нав моҳи декабри соли 2014 дар назар буда, дар сурати идомаи корҳо бо ин суръат, имкон дорад, ки иншоот пеш аз муҳлат, як-ду моҳ пештар мавриди истифода қарор гирад.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи декабри соли гузашта ширкати фаронсавии Vinci сохтмони терминали нави Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД)-ро дубора оғоз намуд.

Моҳи апрели соли 2009 миёни Тоҷикистону Фаронса оид ба сохтмони терминали нав дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо расида буд. Авввали соли 2010 корҳои сохтмони терминал аз ҷониби собиқ паймонкорони лоиҳа – ширкатҳои фаронсавии Alpha airport ва Sofema Group боздошта шуд.

Он замон муовини директори генералии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Азиз Иброҳимов дар ҷамъи рӯзноманигорон дар ин робита изҳор дошта буд, ки «сабаби мутаваққиф сохтани сохтмони терминали нав номутобиқатии меъёрҳои сохтмонии ҷонибҳо мебошад». Тибқи баъзе маълумот, он замон ширкатҳои фаронсавӣ ҷиҳати барқарор кардани корҳои сохтмонӣ маблағгузории иловагӣ талаб карда будаанд.

Моҳи октябри соли гузашта палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Протоколи молиявӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Фаронса оид ба лоиҳаи сохтмони терминали нави ФБД аз 1-уми майи соли 2009 ва Созишномаи иловагӣ ба протоколи мазкур аз 29-уми июни соли 2012-ро тасдиқ кард.

Тибқи созишномаи иловагӣ, ҳиссаи Тоҷикистон дар сохтмони терминали нав аз 7 млн. то 19 млн. евро афзуд. Ҳиссаи Фаронса дар лоиҳаи мазкур бошад, дар ҳаҷми пешина – 20 млн. евро боқӣ мемонад. Аз ҷониби Фаронса ширкати Vinci паймонкори кулли сохтмони иншоот таъин шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.