Шикасти дастаи Тоҷикистон аз футболбозони навраси Кувайт

Дар вохӯрии сеюми мусобиқоти интихобии Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) дар Ал-Қувайт дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз дастаи мизбон – мунтахаби наврасони Кувайт бо ҳисоби 1 бар 2 шикаст хӯрд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, голи дуюмро футболбозони навраси Кувайт дар вақти изофашуда (90+1) ба ҳадаф расониданд. Ин шикаст роҳ ёфтани […]

ASIA-Plus


Дар вохӯрии сеюми мусобиқоти интихобии Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) дар Ал-Қувайт дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз дастаи мизбон – мунтахаби наврасони Кувайт бо ҳисоби 1 бар 2 шикаст хӯрд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, голи дуюмро футболбозони навраси Кувайт дар вақти изофашуда (90+1) ба ҳадаф расониданд. Ин шикаст роҳ ёфтани дастаи Тоҷикистон ба даври финалии Чемпионати Осиёро хеле мушкил сохт.

Дар бозии дигари гурӯҳи «А» дастаи Ҳиндустон бар дастаи Бутан бо бузурги 8 бар 1 пирӯзӣ ба даст овард. Ҳамин тариқ, пеш аз бозиҳои ниҳоӣ дар гурӯҳ дастаи Кувайт бо 9 имтиёз пешсаф буда, тими Ҳиндустон бо касби 7 имтиёз дар мақоми дуюм қарор дорад. Дасти Тоҷикистон бо 4 имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир аст.

Дар вохӯрии ниҳоии рӯзи 29-уми сентябр дастаи Тоҷикистон бо дастаи Лубнон ва тими Кувайт бо Ҳиндустон қувваозомоӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки вохӯриҳои давраи инихобии Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) дар гурӯҳи «А» аз 21 то 29-уми сентябр баргузор мешаванд. Ҳамаи вохӯриҳо дар варзишгоҳи Алӣ Сабоҳ Ал-Салом дар Ал-Қувайт доир мегарданд.

Ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин аз ҳисоби тимҳои зинаи дуюмро ишғолнамуда ба даври финалии Чемпионати Осиё роҳ меёбанд. Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) соли оянда дар Тайиланд баргузор мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.