Пирӯзии «Истиқлол»-у «Вахш» дар бозиҳои аввали даври нимфиналии Ҷоми футбол дар меҳмонӣ

Дар бозиҳои аввали даври ниманиҳоии мусобиқоти Ҷоми футболи Тоҷикистон оид ба футбол дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Вахш»-и Қӯргонтеппа дар меҳмонӣ бар дастаҳои «Парвоз»-и ноҳ. Бобоҷон Ғафуров ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Труснузода мутаносибан бо ҳисобҳо 2 бар 0 ва 3 бар 2 ғолиб омаданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии дастаҳои «Парвоз» ва […]

ASIA-Plus


Дар бозиҳои аввали даври ниманиҳоии мусобиқоти Ҷоми футболи Тоҷикистон оид ба футбол дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Вахш»-и Қӯргонтеппа дар меҳмонӣ бар дастаҳои «Парвоз»-и ноҳ. Бобоҷон Ғафуров ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Труснузода мутаносибан бо ҳисобҳо 2 бар 0 ва 3 бар 2 ғолиб омаданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии дастаҳои «Парвоз» ва «Истиқлол» тӯбҳоро дар дақиқаҳои 38 ва 62-юм Фатҳулло Фатҳуллоев ва Александр Кудряшов ба ҳадаф расониданд. Дар вохӯрии дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Вахш» ду тӯби Хуршед Бекназаров ва як голи Фурқат Мирҳайдаров пирӯзии футболозони қӯрғонтеппагиро таъмин карданд.

Бозиҳои ҷавобии даври нимфиналии мусобиқоти Ҷоми футболи Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 1-уми октябр баргузор мешаванд. Оғози бозиҳо соати 15:00.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.