Чорабиниҳо ба муносибати 85-солагии таъсиси дастаи марзбонии Панҷ

Акмал Маннонов

Ба муносибати 85-умин солгарди таъсиси дастаи марзбонии ноҳияи Панҷ Иттиҳоди собиқадорон-интернатсионалистони Тоҷикистон чорабиниҳо доир намуда, як қатор аксияҳои дорои хусусияти ҳарбиву ватандӯстӣ ва варзишӣ баргузор шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Иттиҳоди собиқадорон-интернатсионалистони Тоҷикистон Шавкат Мирзоев хабар дод, дар вохӯриҳо бо ҷавонон собиқадорон дар бораи таҷрибаи ҷангӣ, вижагиҳои хизмати марзбонӣ ҳикоят карда, аз ҳамсафон, марзбонони […]


Ба муносибати 85-умин солгарди таъсиси дастаи марзбонии ноҳияи Панҷ Иттиҳоди собиқадорон-интернатсионалистони Тоҷикистон чорабиниҳо доир намуда, як қатор аксияҳои дорои хусусияти ҳарбиву ватандӯстӣ ва варзишӣ баргузор шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Иттиҳоди собиқадорон-интернатсионалистони Тоҷикистон Шавкат Мирзоев хабар дод, дар вохӯриҳо бо ҷавонон собиқадорон дар бораи таҷрибаи ҷангӣ, вижагиҳои хизмати марзбонӣ ҳикоят карда, аз ҳамсафон, марзбонони шуҷоъи ҳалокшуда ёдоварӣ намуданд.

Ба гуфтаи ӯ, «аксари собиқадорон-интернатсионалистон то ҳанӯз дар дастаи марзбонии маъруфи Панҷ ва нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ хизмати ҳарбиро идома дода, таърихи дастаро ҳамзамон бо таърихи давлат, аз замони барқарор шудани ҳокимити шӯравӣ дар Осиёи Миёна, мубориза бо босмачигарӣ ва ғайра меомӯзанд».

«Аллакай дар солҳои 80-ум қариб муддати 10 сол дастаи марзбонии Панҷ сарҳадро якбора аз ду ҷониб – дар қаламрави Афғонистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ ҳимоя мекард. Ин ба солҳои ба истилоҳ кӯмаки интернатсионалистӣ ба халқи дӯсту бародар рост омада буд», – хотирррасон намуд Ш.Мирзоев.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.