Коршинос: Суҳбати телефонии роҳбарони Эрону ИМА рӯйдоди муҳими миқёси ҷаҳонист

Аваз Юлдошев

– Суҳбати телефонии ахири ҳафтаи гузаштаи сарони кишварҳои Эрону ИМА Ҳасан Рӯҳонӣ ва Барак Обамаро бешубҳа метавон рӯйдоди муҳими миқёси ҷахонӣ ва воситаи сиёсии ҳалли баҳсу мухолифатҳо номид, – изҳор намуд дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сиёсатмадори шинохта, вакили палатаи поёнии парлумони ҶТ Суҳроб Шарифов. Шарифов мутмаин аст, ки мушкилоти тӯли даҳсолаҳо вуҷуддошта миёни […]


– Суҳбати телефонии ахири ҳафтаи гузаштаи сарони кишварҳои Эрону ИМА Ҳасан Рӯҳонӣ ва Барак Обамаро бешубҳа метавон рӯйдоди муҳими миқёси ҷахонӣ ва воситаи сиёсии ҳалли баҳсу мухолифатҳо номид, – изҳор намуд дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сиёсатмадори шинохта, вакили палатаи поёнии парлумони ҶТ Суҳроб Шарифов.

Шарифов мутмаин аст, ки мушкилоти тӯли даҳсолаҳо вуҷуддошта миёни кишварҳо дарҳол пас аз як суҳбати телефонӣ ҳал намешаванд, «вале доир гардидани ин суҳбат, умедворкунанда аст».

«Ба фикри ман, ИМА баъди шикасти сиёсӣ дар баҳси атрофи қазияи Сурия, бахусус бо Русия, сиёсати фишор ба кишварҳои дигарро тағйир медиҳанд, зеро ҷаҳон дар ҳоли таҳаввул қарор дошта, ИМА хеле манфиатдоранд, ки вазъи мавҷуда бо Сурия дигарбора такрор нашавад», – гуфт сиёсатмадор ва илова намуд, ки раҳбарияти Эрон дар роҳандозии сиёсати хориҷии худ масъулияти баланд зоҳир мекунад.

Ба қавли ӯ, дар навбати худ Эрон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд собит созад, ки дорои аслиҳаи ядроӣ шуданӣ нест. «Сиёсати хориҷии худро Эрон бояд бештар кушоду шаффоф ба роҳ монад ва ман бовар дорам, ки дар ин самт ӯ аз ҷониби Русияву Чин пуштибонӣ меёбад», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.