Мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон ба Эрон раҳсипор шуд

ASIA-Plus

Рӯзи якшанбе, 29-уми сентябр дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) барои тамринҳои даҳрӯзаи омӯзишиву ҷисмонӣ ва минбаъд иштирок дар мусобиқоти давври инихобии Чемпионати Осиё дар гурӯҳи «D» ба Эрон раҳсипор шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, ҳайати ба Эрон сафаркардаи дастаи Тоҷикистон аз 30 нафар – 23 нафар футболбозон ва 7 нафар […]


Рӯзи якшанбе, 29-уми сентябр дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) барои тамринҳои даҳрӯзаи омӯзишиву ҷисмонӣ ва минбаъд иштирок дар мусобиқоти давври инихобии Чемпионати Осиё дар гурӯҳи «D» ба Эрон раҳсипор шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, ҳайати ба Эрон сафаркардаи дастаи Тоҷикистон аз 30 нафар – 23 нафар футболбозон ва 7 нафар шахсони расмӣ иборат аст.

Қобили зикр аст, ки дар гурӯҳи «D» дастаҳои мунтахаби Эрон, Арабистони Саъудӣ ва Лубнон ҳарифони дастаи Тоҷикистон мебошанд. Вохӯриҳои дастаҳои гурӯҳ аз 8 то 12-уми октябр дар шаҳри Кирмони Эрон баргузор мешаванд. Дастаи Тоҷикистон рӯзи 8-уми октябр бо тими Эрон, 10-уми октябр – бо дастаи Арабистони Саъудӣ ва 12-уми октябр – бо дастаи Лубнон қувваозмоӣ мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.