Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба мусобиқоти Чемпионати футболи Осиё роҳ наёфт

ASIA-Plus

Дар вохӯрии охирини мусобиқоти интихобии Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) дар Ал-Қувайт дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 бар дастаи Лубнон ғолиб омада, вале ба даври финалии мусобиқот, ки соли оянда дар Тайиланд доир мегардад, роҳ наёфт. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз гурӯҳи «А» дастаи мизбон […]


Дар вохӯрии охирини мусобиқоти интихобии Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) дар Ал-Қувайт дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 бар дастаи Лубнон ғолиб омада, вале ба даври финалии мусобиқот, ки соли оянда дар Тайиланд доир мегардад, роҳ наёфт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз гурӯҳи «А» дастаи мизбон – футболбозони навраси Кувайт бо касби 12 имтиёз зинаи аввалро ишғол намуда, мустақиман ба даври финалӣ роҳхат гирифтанд.

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи муқаррарот, голибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин аз ҳисоби тимҳои зинаи дуюмро ишғолнамуда ба даври финалии Чемпионати Осиё роҳ меёбанд. Имтиёзи бадаствардаи дастаи Тоҷикистон (7 имтиёз) имкон надод, ки даста миёни панҷ дастаи беҳтари зинаи дуюмро ишғолкарда ҷой гирад ва аз ин рӯ, аз роҳхат ба даври финалӣ маҳрум монд.

Ҳамин тариқ, даҳ дастаи зинаи аввали гурӯҳҳо – Кувайт, Ӯзбекистон, Непал, Арабистони Саъудӣ, Эрон, Уммон, Австралия, Малайзия, Ҷумҳурии Кореяи Шимолӣ ва Ҷопон ва панҷ дастаи зинаи дуюми гурӯҳҳо – Сурия, Чин, Гонконг, Кореяи Ҷанубӣ ва Қатар ба Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16), ки соли оянда дар Тайиланд баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.