Суғд: Ҳалокати бародар аз зарбаи бародари калонӣ бо чойник

Мавлуда Рафиева

Дар вилояти Суғд бар асари муноқишаи оилавӣ бародари калонӣ бо зарбаи чойник бародари хурдиашро ба ҳалокат расонид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят кормандони Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Ғончӣ сокини қаблан маҳкумшудаи ҳамин ноҳия Далер Зикриёеви 40-соларо боздошт намудаанд. Ба […]


Дар вилояти Суғд бар асари муноқишаи оилавӣ бародари калонӣ бо зарбаи чойник бародари хурдиашро ба ҳалокат расонид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят кормандони Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Ғончӣ сокини қаблан маҳкумшудаи ҳамин ноҳия Далер Зикриёеви 40-соларо боздошт намудаанд.

Ба иттилои манбаъ, ахири ҳафтаи гузашта ӯ дар хонаи бародари хурдиаш Дамир Зикриёеви 30-сола дар ҳолати мастӣ зимни муноқиша бо чойник ба гарданӣ ӯ зарба мезанад, ки дар натиҷа бародари хурдиаш ба ҳалокат мерасад.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли кишвар 33 далели одамкушӣ (ҳамин давраи соли гузашта – 27 далел) ба қайд гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.