Боздошти шаҳрвандони Камеруну Гвинея дар Душанбе барои таҳияи долларҳои қалбакӣ

Аваз Юлдошев

Зимни як амалиёти махсуси кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Душанбе ба гумони даст доштан дар таҳияи долларҳои амрикоии қалбакӣ се нафар шаҳрвандони Камерун ва як тан аз табааи Гвинея боздошт шуданд. Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ, нахуст ду нафар шаҳрвандони Камерун боздошт шудаанд, ки моҳи август ба пойтахти Тоҷикистон омадаанд. […]


Зимни як амалиёти махсуси кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Душанбе ба гумони даст доштан дар таҳияи долларҳои амрикоии қалбакӣ се нафар шаҳрвандони Камерун ва як тан аз табааи Гвинея боздошт шуданд.

Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ, нахуст ду нафар шаҳрвандони Камерун боздошт шудаанд, ки моҳи август ба пойтахти Тоҷикистон омадаанд. Аз онҳо коғази махсус, маҳлулҳои кимиёвӣ ва дигар таҷҳизоти тахияи асъори қалбакӣ дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Гуфта мешавад, онҳо кӯшиш кардаанд, ки як шаҳрванди Тоҷикистонро бо 50 ҳазор доллари қалбакӣ фиреб диҳанд. Дар ҷараёни тафтишот боз ду нафар – шаҳрвандони Камерун ва Гвинея низ муайян шудаанд, ки онҳо низ бо ин амал машғул будаанд.

Мақомоти КДАМ ҶТ аз ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват мекунад, ки агар дар ин робита маълумоте дошта бошанд ва ё аз амали ин афрод фиреб хӯрда бошанд, ба онҳо муроҷиат намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.