Дар бинои Шӯрои Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел, 1 октябри соли 2013, ҷаласаи сеюми Шӯрои ҳамкории миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори нишаст ҳайати Тоҷикистон зери роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ширкат варзид. Ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин аз сафирони Тоҷикистон дар Белгия, Австрия, Олмон, Фаронса ва Швейтсария иборат буд. Ҳайати Иттиҳоди Аврупоро Вазири корҳои хориҷии Литва Линас Линкявичюс сарварӣ кард.
Бояд қайд кард, ки ҳоло Литва дар Иттиҳоди Аврупо раисӣ дорад. Шӯрои ҳамкорӣ таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Литва доир гардид.
Рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла ислоҳоти дохилӣ ва аъзогӣ дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, мавзӯи об ва муҳити зист, инчунин проблемаҳои байналмилалӣ ва минтақавиро дарбар гирифт.
Зимни Шӯрои ҳамкорӣ ҷонибҳо рафти рушди ҳамкории миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, инчунин иқдомҳои оянда оид ба тавсеаи минбаъдаи муносибатҳоро муфассал баррасӣ намуданд. Ҳамчунин самтҳои асосии ҳамкорӣ, амалисозии лоиҳаҳо ва барномаҳои Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, ҳолати муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва масоили байналмилалӣ матраҳ гардиданд.
Дар фарҷоми ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ нишасти матбуотӣ бо иштироки вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Литва сурат гирифт. Дар нишасти матбуотӣ вазирони корҳои хориҷӣ аз натиҷаҳои ҷаласаи барпошуда изҳори қаноатмандӣ намуда, барои идома додани ҳамкории созанда ва мутақобилан судманд ҳавасмандии худро тасдиқ карданд.



